Вирусологи маъруфи амрикоӣ Ораш Алоӣ ба усули муборизаи Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди коронавирус баҳои баланд дод

Вирусологи маъруфи амрикоӣ Ораш Алоӣ ба усули муборизаи Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди коронавирус баҳои баланд дод
Апрел 20
09:24 2021

Табиби маъруфи эронитабори Амрико, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси коршинос ҳамкорӣ мекунад ва пас аз  силсилаи суҳбатҳояш оид ба COVID-19 дар ВАО-и Тоҷикистон  дар ҷомеаи мо  маҳбубият пайдо намуд, ҳоло ба ҷаҳониён  дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус, ки онро яке аз беҳтаринҳо меҳисобад, ибрози андеша менамояд.

Дирӯз, 18 апрел, дар мусоҳиба бо Радиои байналмилалии Франсия RFI доктор Алоӣ, ки дар бораи амалкарди  мақомоти Эрону Тоҷикистон  дар қиболи коронавирус суҳбат мекард, ба  тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус баҳои баланд дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар мубориза бо вирусҳое чун  COVID-19  қарори сиёсии мақомот ҳам муҳим аст, имконоти бахши тандурустӣ ва  вокуниши ҷомеа низ. Эрону Тоҷикистон дар таърих, забон ва фарҳанг кишварҳои наздиканд, аммо дар байни онҳо фарқиятҳо низ  мавҷуданд. Дар Тоҷикистон тақрибан 10 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Эрон бо беш аз 80 миллион нафар аҳолӣ  табиист, ки дорои захираҳои бештари инсонӣ низ  мебошад ва ин кишвар инфрасохтори хуби тиббӣ низ дорад. «Чӣ гуна шуд, ки мавҷи чоруми паҳншавии коронавирус дар Эрон оғоз ёфт,  вале дар Тоҷикистон мавҷи ин беморӣ танҳо баҳори соли гузашта фақат як бор ба  амал омад ва инак ёздаҳ ҳафта аст, ки дар он ҷо ягон нафар бо нишонаи бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст?!» —  суол медиҳад медиҳад вирусологи маъруф.

«Гап сари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакт аз ибтидо роҳи дурустро пеша  намуданд — онҳо карантини сахт эълон накарданд, аммо парвозҳо, клубҳо, театрҳо, масҷидҳо, бозору супермаркетҳо ва дигар ҷойҳои серодамро бастанд ва чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд карда шуданд. Пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани масофа ва дигар чораҳои эҳтиётӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ шуд. Ҳамаи ин  тадбирҳо бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти чораҳои зидди эпидемия, ки бо фармони Сарвари давлат таъсис дода шуда, Сарвазири мамлакат онро роҳбарӣ мекунад, андешида шуданд».

Ораш Алоӣ гуфт, ки дар Эрон низ Ситоди миллии мубориза бо коронавирус фаъолият мекунад, аммо дар он ситод  сапри ин  ё он масъала ба тавофуқ расидан мушкил аст. «Агар дар Тоҷикистон қарорҳо бар асоси ақидаи коршиносон ва далелҳои илмӣ қабул мешуданд, пас дар Эрон  тасмимҳо бар асоси эътиқодоти динӣ ва идеология  гирифта мешуданд. Онҳо ин қазияро сиёсӣ карданд, сарфи назар аз ҳама дастурҳои Вазорати тандурустии кишвар масҷидҳоро набастанд, муллоҳо гуфтанд, ки мардум бояд ба ҷое биёянд, барои  шифо ёфтани  наздикони худ дуо кунанд”, — гуфт Ораш Алоӣ.

«Бешубҳа, илм барои мубориза бо чунин вирусҳои хатарнок, ба монанди COVID-19 ва  умуман бо ҳар гуна беморӣ  назар ба дин   пешниҳодҳои бештар ва муассиртар дорад», —  иброз дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан доктор Алоӣ дар мусоҳиба бо агентии русии Sputnik  изҳор намиуда буд, ки чаро Тоҷикистон тавонистааст коронавирусро мағлуб кунад,  вале Иёлоти Муттаҳида  не.  Бино ба гуфтаи ӯ, сирояти коронавирусро бо технология идора кардан имконнопазир аст.

«Тоҷикистон тавонистааст бо се сабаб коронавирусро шикаст диҳад, — гуфт табиб, — аввалан, сиёсати Ҳукумат дар мубориза бо» вабо «-и нав  омили асосӣ гардид”.

Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи Ораш Алоӣ, муносибати ҷиддии аҳолӣ дар мубориза бар зидди бемории гирифторшуда низ ҳалкунанда буд, одамон барои аз байн бурдани он худашон кӯшиш ба харҷ доданд.

Вай инчунин саҳми ВАО-ро яке аз  омилҳои пирӯзӣ бар коронавирус донист. Ба андешаи ӯ, воситаҳои ахбори омма дар бораи  ин беморӣ, сабабҳои пайдошиш ва роҳҳо халосӣ аз он, дар бораи вазъи воқеӣ дар Тоҷикистон  ба аҳолӣ сари вақт маълумот расониданд.

Дар айни замон Ораш Алоӣ муносибати саҳлангоронаи ИМА-ро ба ин беморӣ яке аз сабабҳои асосии хурӯҷи он дар ин кишвар дониста, мегӯяд: «Муносибати амрикоиҳо ба коронавирус ҷиддӣ нест ва ба ин сабаб вирус феълан кишварро тарк нахоҳад кард»,- гуфт Алой.

                                                                        АКС: www.rfi.fr/fa

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 32
  • 778
  • 1,242
  • 949,798