Вохӯрии таҳлилгарони СУТ бо мутахассисони тоҷик

Вохӯрии таҳлилгарони СУТ бо мутахассисони тоҷик
Май 14
16:22 2020

Имрӯз, 14 майи соли равон таҳлилгарони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо масъулини соҳаи тандурустии мамлакат вобаста ба бозбинии пратаколҳои клиникӣ вохӯрӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохурӣ аз ҷониби  таҳлилгарони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мутахассисони тоҷик вобаста ба протоколҳои клиникӣ тавсияҳо дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки 12 майи соли равон нишасти хабарии мустақим оид ба натиҷагирӣ аз сафари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон доир кардид.

 Зимни нишаст Роҳбари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Патрик О’Коннор  иброз дошт, ки тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ба вазъ на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ таъсир мерасонанд.

Патрик О’Коннор мутаъқид сохт, ки  СУТ  ба маълумоти Вазорати тандурустии  ҷумҳурии мо боварӣ дорад ва дар оянда дар ҳама марҳилаҳои вокуниш ба пайдоиши COVID-19 ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

-Мардум бояд донанд, ки чораҳои асосии мубориза бар зидди пандемия ин риояи гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдошти ҷамъиятӣ, мавҷудияти ниқоб ва  нарафтан  ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Ин чизест, ки имрӯз ҳам СУТ ва ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия медиҳанд ва риояи ин тавсияҳо зарур мебошад,- гуфт роҳбари ҳайати СУТ.

Ҳамзамон, зимни нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки чорабиниҳои вокуниш ба хуруҷи беморӣ метавонанд аз 12 то 18 ҳафтаи оянда идома ёбанд, яъне бояд дар ин давра эҳтиёткор бошем.

Ёдовар мешавем, ки Ҳайати СУТ аз 1 май инҷониб дар Тоҷикистон қарор дошта, ҳадафи асосии ташрифи он ба мамлакат  мусоидат намудан дар арзёбии хатарҳо, инчунин таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори таҷрибавӣ ва лабораторӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 981
  • 989
  • 887,346