Вохурӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Вохурӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Сентябр 10
15:58 2024

10-уми сентябри соли равон дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии намояндагони  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати тафтишотӣ, подполковники адлия Маъруф Қосимзода ва муфаттиши Раёсати оперативии махсуси агентии мазкур  Ҳоҷиев Комрон бо роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он доир гардид.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода  бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳадаф ва мақсад аз баргузории вохурии мазкурро ба самъи ҳозирин расонид.

Баъдан, муовини сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Маъруф Қосимзода доир ба масъалаҳои боз ҳам ҷоннок намудани пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд баромад кард.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа ва бо мақсади иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  чунин вохуриҳои масъулин бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 657
  • 1,494
  • 1,028,706