СИЛ: Донистани ҳуқуқҳои худ ба манфиати бемор аст

СИЛ: Донистани ҳуқуқҳои худ ба манфиати бемор аст
Март 18
09:56 2024

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое дар Осиёи Марказӣ аст, ки барои расидан ба хотимаи сил тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад. Ин талошҳо собит карданд, ки нишондоди ҳолатҳои бемории сил солҳои охир бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Дар баробари коҳиш додани бемории сил ва мубориза бо он дар кишвари мо барои фаҳмонидани ҳуқуқҳои шахсони бемори сил, махсус ҳадафҳои созанда ба роҳ монда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ҳама имтиёзҳои давлатӣ ва табобатро ба шаҳрвандони кишвар, ки ба бемории сил гирифтор ҳастанд, муайян кардааст. Моддаи 8-и қонуни мавриди назар “Расонидани кумаки зидди бемории сил”-ро муайян мекунад, ки дар он омадааст: “Расонидани кумаки зидди бемории силро давлат кафолат медиҳад ва дар асоси усулҳои қонунӣ, риояи ҳуқуқи инсон, дастрасии ҳамагон дар ҳаҷми муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад”. Дар ин қонун ҳама имтиёзҳои муҳим ва давлатӣ ба шахсони бемори сил зикр гардидааст.

Дар баробари имтиёзҳои давлатӣ, барои расидан ба хотимаи сил дар кишвар Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” низ ҳамасола лоиҳаҳои муҳиму муфидро бо дарназардошти талаботи шахсони бемори сил ва оилаҳои аз сил осебдида татбиқ мекунад.

Эҳсон Аъзамиён, сухангӯи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” мегӯяд, дар кишвар барои коҳиш додани бемории сил ва расидан ба хотимаи он дар баробари Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ муборизаи босамар мебаранд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар баробари аз байн бурдани доғгузорӣ ба ҳаёти шахсони бемор бо тарзи содда, яъне бо истифода аз зеҳни сунъӣ аз ташхис гузаронидани одамон дар макони зисташон, дарёфти саривақтии беморон ва ба табобат фаро гирифтани онҳо, инчунин барои баланд бардоштани фаҳмиши ҳуқуқии беморон низ корҳои мубрамро ба сомон мерасонанд. Мо соли 2017 барномаеро дар кишвар бо номи Ванимпакт (“OneImpact”) рӯи кор овардем, ки он ба шахсони бемор дар бораи бемории сил маълумоти пурра медиҳад. Дар бахшҳои “Пайваст шавед” ва “Шабакаи дастгирии ҳамсолон”-и барнома беморон метавонанд байни ҳам мубодилаи афкор кунанд. Дар баробари ин, корбарони барнома метавонанд аз бахшҳои “Ҳуқуқҳои худро бидонед” ва “Гурӯҳи муҳокимаи ҳуқуқи инсон” ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро саҳеҳ биомӯзанд. Аз он ҷумла, дар бахши “Ҳуқуқҳои худро бидонед” омадааст: “Ҳар шахси аз сил осебдида ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазир дорад. Ин ҳуқуқ кумаки тиббиро ҳангоми гирифтор шудан ба бемории сил, ки ба наҷотбахшии ҳаёт нигаронида шудааст, дар бар мегирад”.  Шахсони гирифтор ба бемории сил метавонанд дар ин барнома аз чунин ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худ огоҳ бошанд, ба монанди ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба шаъну шараф, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқ ба баробариву озодӣ ва ҳуқуқ ба табобати ройгони беморӣ.

Ҳамсуҳбати мо дар идома гуфт, ки донистан ва истифода бурдани ҳуқуқҳои худ ба ҳалли мушкилоти беморони сил мусоидат мекунад. Ҳар беморе, ки аз ҳуқуқҳои худ бархурдор аст, он метавонад кумакҳои тибқи қонун ба беморон муайян гардидаро босамар истифода барад ва аз имтиёзҳои худ огоҳ бошад.

Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки доруҳои зидисилӣ ба беморон дар Тоҷикистон пурра ройгон дода мешаванд.

Хусрав Шоcаидзода

Саодат Исмоилӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 315
  • 989
  • 887,669