29-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири соли 2025 баргузор гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардорони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар давоми 9 моҳи соли 2025 маълумот дод.
Номбурда иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ як қатор муассисаҳои табобатию пешгирӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёду азнавсозӣ гардида, заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии онҳо мунтазам баланд бардошта мешаванд.
Тавре зикр гардид, беҳтар намудани самаранокӣ, сифат ва дастрасии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ равандҳои афзалиятноки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба шумор мераванд. Тибқи ҳуҷҷатҳои бунёдии мазкур, дастрасии баробар ба кумакҳои тиббию иҷтимоӣ, аз он ҷумла рушди шабакаи муассисаҳои хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва алалхусус, дар манотиқи дурдаст дар назар дошта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки вазорат бо мақсади таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми 9 моҳи соли 2025 ҷиҳати ба талаботи қонунгузории амалкунанда мутобиқ намудан лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” ва “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард, ки айни замон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Ҳамзамон, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар 9 моҳи соли 2025 ба 235 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 221 нафар дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” ва 14 нафар дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара” мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар умум 40 навгониҳо дар соҳа ворид карда шуданд, ки аз инҳо дар самти ташхис 7 навгонӣ ва дар самти табобат 33 навгонӣ ба шумор мераванд.
Дар самти ташхис навгониҳо дар соҳаи эндокринология, кардиология, рентгенология ва радиология, офталмология, ворид намудани технологияи «Ҳуши сунъӣ» барои ташхиси мукаммали вайроншавии назм, бо ёрии томографияи компютерӣ бори авввал масофаи байни аорта ва шараёни болоии сифоқпарда (ШБС) дар сатҳи қисми поёнии уфуқии РДА, томографияи компютерии шоҳраги дил бо синхронизатсияи ЭКГ ва томографияи компютерии дарғотҳои дил ва меъдачаҳои дил бо синхронизатсияи ЭКГ барои ташхиси беморони дил, томографияи магнитӣ резонансии узвҳои мардона бо истифода аз контраст барои муайян намудани бемории Пейрона, усули ташхиси рентгении қисми аноректалӣ ҳангоми гузаронидани ирригография дар кӯдакон, ворид намудани усули ташхис бо воситаи интелекти сунъӣ дар бемориҳои шабакия аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар амал иҷро карда шуданд.
Дар самти табобат бошад, дар соҳаи ҷарроҳии рагҳои хунгард, эндоҷарроҳӣ, осебшиносӣ ва ортопедия, кардиология, комбустиология, офталмология, нейроҷарроҳӣ, колопроктология, соҳаи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ва дар соҳаи гематология, бори аввал стентгузории пурраи шараёни хобии умумию дохилӣ бо истифода аз технологияҳои навтарин, ҳангоми ҳамҷоягии бемории варикозӣ ва коксоартроз амалиёти ҷарроҳии симултантӣ, яъне дар марҳилаи аввал флебэктомияи муштараки миниинвазивӣ ва дар марҳилаи дуюм – протезкунонии буғуми косу рон, амалиёти нави декомпрессияи хирной бо яктарафа кардани трункус брахиосефаликус, ҷарроҳии рафъи невриномаи болоию қафоии миёнадевор аз чап бо таври торакоскопӣ, ба таври лапароскопӣ буриши дарозруяи меъда дар беморони фарбеҳии дараҷаи вазнин, гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт дар пайвандсозии ҷигар ва ғайраҳо иҷро карда шуданд.
Бо мақсади беҳтаркунии инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ дар 9 моҳи соли 2025 дар кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳо 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, айни замон дар 104 адад муассисаҳои соҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Инчунин, дар давраи сипаригашта 200 адад муассисаҳои тандурустӣ таъмир гашта, дар 137 адад муассисаи дигар низ корҳои таъмирӣ ҷараён доранд.
Мувофиқи маълумотҳои омори оперативӣ, дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 186 652 нафар зиндатаваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати 9 моҳи соли 2024 (181 750 нафар) 4 902 нафар зиёд мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 адад ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, дар 9 моҳи соли 2025 ба 83 203 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст.
Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар 9 моҳи соли 2025 дар муассисаҳои тандурустӣ 22 236 нафар табиб ва 63 907 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,8 ва 2,2 % зиёд мебошад.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 36 коллеҷҳои тиббӣ, аз ҷумла 16 коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва 20 коллеҷҳои тиббии ғайридавлатӣ фаъолият доранд.
Дар 9 моҳи соли 2025 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 15937 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5617 нафар зиёд мебошад.
Дар ин муддат 316 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар барои гузаштани курсҳои омӯзишӣ ва ба зинаи аспирантура, докторантура, коромӯзӣ, гузаштани марҳилаи ординатураи клиникӣ аз ҳисоби Стипендияибайналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» (22 нафар) фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта (187 нафар) 129 нафар зиёд мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 69 корхонаҳои ватании истеҳсоли 622 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 356 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ мондаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 85 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн. адад зиёд мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли 2025 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи СИПАП, мебел ва молҳои тиббӣ катҳои функсионалӣ бо матрас, мизи акушерӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонагӣ ва сайёр, мизи ҷарроҳӣ ва ғайра дастрас карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ оид ба татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии идома дода шуда, пеш аз ҳама ҷиҳати амалисозии “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №577 тасдиқ шудааст, консепсияву барномаҳои давлатии марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як чанд лоиҳаҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Аз ҷумла, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” дар асоси таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор такмил дода ва барои мувофиқаи ниҳоӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
Айни замон дар номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маркази миллӣ ва байналмилалии тавонбахшии маъюбон, як Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, як корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ” дар шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд, як Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, як Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила», як Муассисаи давлатии “Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, инчунин дар номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳу 1 осоишгоҳ, 44 адад марказҳои (шуъбаҳои) хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 6 адад марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва 57 марказҳои тавонбахшии будубоши рузона, ки дар доираи фармоиши иҷтимоии давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд, шомил буда, фаъолият карда истодаанд.
Зимни баромади хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба фаъолияти самтҳои дигари соҳа дар давраи ҳисоботӣ маълумот пешниҳод кард.
Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони дигар сохторҳои соҳавӣ низ вобаста ба фаъолияти хеш дар давраи мазкур ҳисобот доданд.
Пас аз шунидани ҳисоботи масъулин як қатор масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таъминоти кадрии муассисаҳои тандурустӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии мутахассисон, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фавти модару кӯдак, одоби муошират бо беморон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, омодагӣ барои муътадил гузаронидани давраи зимистон, риояи қатъии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.



