Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ доир гашт

10-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба татбиқи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” баргузор шуд, ки дар он сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Зоир, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикон оид ба рушд ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Тавре зикр гардид, соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисиро ба уҳда дошт ва дар ин самт “Форуми байналмилалии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ғизои мактабӣ” дар мавзуи “Таҷрибаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ оид ба ғизои мактабӣ дар ташкили ғизои мактабӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи қавӣ намудани саломатии кӯдакон” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” -и шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки ин яке аз дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки форуми мазкур як такони бузурге дар соҳаи ғизои мактабӣ на балки дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳои ИДМ мебошад.

Ҳамзамон, таъкид гашт, ки дар солҳои охир устуворона аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди ғизои мактабӣ маблағҳои алоҳида ҷудо шуда истодаанд ва агар дар соли 2025 маблағи 18,8 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2026 ин маблағ зиёда аз 37 миллион сомониро ташкил додааст.

Зимни чорабинӣ як қатор иштирокчиён низ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Боздид аз Хона интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Дастовард. Сеюмин амалиёти буриши ғадуди сипаршакл дар Тоҷикистон бо усули эндоскопӣ бо муваффақият гузаронида шуд

ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译