9-уми феврал-Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон

Ҳар сол 9 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон таҷлил карда мешавад ва ҳоло соҳаи стоматология яке аз соҳаҳои рушдкунандаи низоми тандурустии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бахшида ба ин сана хостем бо директори Муассисаи давлатии “Пажўжишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй” Маҳмадулло Қосимов вобаста ба муносибат бо дандон, тарзи дурусти нигоҳубини он ва табобату пешгирӣ аз бемориҳои дандон суҳбат анҷом диҳем.

-Дар оғози суҳбат мегуфтед, ки ҳар як нафар барои осеб надидани дандон чӣ бояд кунад?

– Дандон яке аз узвҳои муҳимтарини инсон ба ҳисоб рафта, нигоҳубини он барои ҳар як нафар ҳатмӣ мебошад. Вале, мутаасифона қисми зиёди аҳолии мамлакат ба бемории кариеси дандон, яъне вайроншавии бофтаи сахти дандон гирифтор мебошанд. Сабабҳои асосии пайдошавии кариес ин риоя накардани беҳдошти ковокии даҳон ва сари вақт аз муоинаи духтури дандон нагузаштан аст. Аз ҳамин сабаб бояд мо дандонҳои худро эҳтиет кунем, ба онҳо ҳаргуна ҷисмҳои бегонаро нарасонем. Барои он ки ба дандони асливу солими одам ягон дандони сунъӣ баробар шуда наметавонад.

– Нигоҳубини дандон чӣ гуна сурат гирад, то дандони солим дошта бошем?

– Барои хуб нигоҳубин кардани дандонҳо бояд онҳоро дар як шабонарӯз, албатта 2 маротиба, субҳ баъди наҳорӣ ва бегоҳ бошад пеш аз хоб шуст. Ҷиҳати солим ва устувор нигоҳ доштани дандон пеш аз ҳама бояд ба хамираи дандоншӯӣ диққати махсус дод. Зеро таркиби хамираҳои дандоншӯӣ аз якчанд микроэлементҳо: калсий, фосфор, магний, фтор ва оҳан иборат мебошад. Инҳо барои пешгирии бемориҳои дандон, аз ҷумла кариес саҳми назаррас доранд. Инчунин, бояд ба чӯткаҳои дандоншӯӣ ва шӯстани дандон диққати махсус дод. Барои ҷароҳат набардоштан ё ки нашикастани сири дандон бояд ба дандонҳо ҷисмҳои бегонаро нарасонд. Ҳамзамон, тарзи дурусти истеъмоли ғизо низ барои солимии дандонҳо аҳамияти калон дорад.

– Кӯдаконро чӣ тавр ба шустушӯи дандон ҷалб намуд ва модаре, ки кӯдакаш нав дандон баровардааст, чӣ хел нигоҳубин кунад?

– Дуруст қайд кардед, дандонҳоро шурӯъ аз таваллуди кӯдак бояд эҳтиёт кард. Волидайн бояд аз лаҳзаи баромадани дандонҳои кӯдак ба шустани онҳо шурӯъ кунанд. Пеш аз ҳама, барои ин чӯткаи силикондорро, ки дар ангушт пӯшонида мешавад, истифода баранд ва баъдан наздик ба синни яксолагӣ расидан метавонанд чӯткаи махсуси кӯдаконро дар шакли бозича истифода баранд. Чунин чӯтка ҳам мӯякҳои мулоим ва ҳам андозаи зарурӣ дорад ва бозича ба руҳияи кӯдак таъсири мусбӣ мерасонад. Шарти аз ҳама муҳим, ҳар рӯз, махсусан, субҳ ва шом дуруст шӯстани дандонро ба кӯдак бояд омӯзонид. Кӯдакон дандонҳои худро ҳатман бояд бо хамираҳои махсусе, ки барои онҳо тавсия дода шудаанд, тоза кунанд. Ин хамираҳо маззаи хуб дошта, муҳим аз ҳама моддаҳои муҳофизатӣ доранд.

– Шири модар то кадом андоза ба дандонҳои кӯдак манфиатовар аст?

– Маврид ба зикр аст, ки истеъмоли ғизои нодуруст яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемориҳои дандон дар кӯдакон ба шумор меравад. Бинобар ин, зарур аст, ки аз замони таваллуд то 2-солагӣ кӯдак бояд ҳатман шири модар истеъмол намояд. Шири модар арзишмандтарин манбаи ғизоӣ ва дорои моддаҳои муҳофизатӣ мебошад. Муҳимтар аз ҳама, он барои кӯдак ҳамеша дастрас аст ва дар навбати худ ба афзоиш, рушд ва ташаккули дандонпизишкии кӯдак таъсири мусбии калон мерасонад. Умуман, маҳсулоти ширӣ барои рушди бадани кӯдак муҳим буда, он калсий – унсури асосии дандон ва устухонҳоро дар кӯдак таъмин мекунад. Воқеан, боз як иштибоҳи маъмулии волидон ғизо додани кӯдак бо омехтаҳои ширин ё афшураҳо, алалхусус шабона мебошад. Ин ҳолат метавонад боиси бармаҳал пайдо шудани кариес дар дандонҳои ширии кӯдак гардад.

– Чӣ чизҳоро зиёд хӯрд, ки дандон солим истад ва аз чи гуна чизҳо парҳез намуд?

– Он ғизое, ки истеъмол карда мешавад ва хамирае, ки барои шустани дандонҳо истифода бурда мешавад, бояд аз рӯи таъиноти мутахассис бошад. Агар беҳдошти ковокии даҳон хуб бошад ва ғизоҳои сервитамин истеъмол карда шаванд, дандонҳо камтар ба бемориҳо гирифтор шуда, талаф намеёбанд. Витамини калсий барои солимӣ ва мустаҳкамии дандон мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, истеъмоли шир, ҷурғот, творог, панир (сир), меваю сабзавот ва шибиту гашнич ба манфиат мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди шириниҳо ва маҳсулотҳои турш ба монанди лимон ба солимии дандон ва сир (эмал)-и он зараровар мебошанд. Агар дандонҳоро мунтазам дар вақташ шӯем ва хуб нигоҳубин кунем, хӯрдани шириниҳо барои дандонҳо ҳеҷ зарар надорад. Дандонҳои шахс аз сабаби ширинӣ хӯрдан вақте мепусад, ки дандонашро баъди хӯрдани ширинӣ нашӯяд.

– Ҳар як шахс бояд чӣ қадар пас дандонҳои худро ба дандонпизишк нишон диҳад?

– Дандон яке аз узвҳои муҳими инсон буда, дар баробари он ки тамъи ҳама чиз бо он лазизтар аст, ба кас зебоӣ мебахшад. Аммо пӯсидану дардманд шудани ин узви ҳаётан муҳим ҳамаро нороҳат месозад. Албатта дардманд шудани дандонҳо аз беаҳмиятии худи инсон аст. Дандонҳо ҳам парвариш мехоҳанд. Аксарияти мардуми мо нисбат ба дандонҳояшон беаҳамиятанд. То дарди дандон нашаванд, назди табиб намеоянд. Барои ҳамавақт солим нигоҳ доштани дандон ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна касалиҳои он, бояд ҳар як шахс дар як сол 2 маротиба, агар аз дандонҳо шикоят набошад ҳам ба мутахассис, духтур-стоматолог муроҷиат намуда, аз муоинаи тиббӣ гузарад, то солимии дандонҳояш бардавом монанд.

– Чӣ гуна бемориҳо дар дандонҳо ҳастанд ва агар аз пайи табобати он нашавед, оқибат ба чӣ оварда мерасонад?

– Бемориҳои дандон мешавад кариес, пулпит ва периодонтит. Нахуст дар дандон бемории кариес бе дард бо аломати нуқтаи сиёҳ ё ки хат пайдо мешавад, вале бисёре аз нафарон ба ин ҷиддӣ аҳамият намедиҳанд. Вақте шахс ба пайдошавии кариес бепарвогӣ карда, ба стоматолог муроҷиат намекунад, бемории кариеси дандон, яъне ҳамон сиёҳии пайдошудаи дандон калон шуда, ба асаби дандон наздик мешавад ва ба касалии пулпит оварда мерасонад. Дарди сахти дандон баъди гузаштани бемории кариес ва оғоз шудани бемории пулпит пайдо мешавад. Ҳангоми пайдошавии пулпити дандон агар доруҳои гуногуни беҳискунандаро истеъмол карда, беаҳамитӣ кунед, пас бемории пулпити дандон ба бемории периодонтит мегузарад. Вақте периодонтит решаҳои дандон илтиҳоб гирифта, дар онҷо чирку фасод ва баъд варамиҳо пайдо мешавад. Барои ҳамин набояд ҳангоми хуруҷи дарди дандон ва ё сар задани ягон мушкилӣ вобаста дандон ба дандонпизишк муроҷиат намуд, чунки ин як иштибоҳи ҷуброннопазирест, ки оқибати он мушкилоти ҷиддӣ ба бор меорад. Барои ҳамин агар шахс мушкилоти дандон надошта бошад, пас соле 2 маротиба ба назди духтури дандон бо мақсади пешгирии беморӣ ташриф овардан лозим аст. Ҳангоми зарурат бояд ҳар 3 моҳ як маротиба ё бештар ба назди дандонпизишк рафт, зеро дар ин ҳолат бемориҳо саривақт табобат карда мешаванд. Аз ҳама муҳим, ҳангоми дар дандонҳо нуқтаи сиёҳ ё ки хати сиёҳе пайдо мешавад (ин аломати саршавии бемории кариес аст) даррав ба мутахассис нишон дод.

– Дар давоми фаъолиятатон мардум бисёртар бо кадом мушкилоти дандон муроҷиат мекунанд ва сабабаш чист?

– Дар таҷрибаи худам мутассифона, бисёртар одамон ба ман дар вақти касалии кариес нею айнан дар вақти пулпит ва периодонтит, яъне дар вақти пайдо шудани дард дар дандонҳо муроҷиат мекунанд. Сабаби асосии он дар вақташ ба мутахассис муроҷиат карда, табобат накардани кариеси дандонҳояшон мебошад.

– Ташакур барои суҳбат, бароятон комгорӣ хоҳонем. Рӯзи касбиатон муборак бошад!
– Сипосгузорам.

Мусоҳиб Бахтовар Сафаров

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Хатлон: Таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Вохурӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Search