«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Имрӯз, 14-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Созишномаи байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи минтақаи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  тавассути ташаббуси «Озмоишгоҳҳои хуб-саломатии қавӣ» расонидани кӯмаки техникӣ ва дастгирӣ дар таҷдиди назар/таҳияи дастурҳои озмоишӣ оид ба бехатарии биологӣ, идоракунии хатарҳои биологӣ барои озмоишгоҳҳои биотиббӣ  дар мавзуи «Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо» машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд, ки он пагоҳ низ идома хоҳад ёфт.

Дар машғулияти омӯзишӣ тренерон, мутахассисони масъули озмоишгоҳҳои марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби тренерон ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои алоқаманди мавзуи мазкур маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Шартҳои вазифавӣ (TOR) барои вазифаҳо тибқи Шартномаи миллии меҳнатӣ

Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026»

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои расидан ба ҷомеаи шаҳрвандист

Иштироки намояндаи вазорат дар маҷлиси солонаи Бюрои минтақавии аврупоии ТУТ оид ба омодагӣ ба пандемияи зуком

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Search
爱思助手汽水音乐易歪歪HelloGPT沙盘telegram下载tg下载mumu模拟器