Иммунизатсия-роҳи ягонаи муҳофизати духтарон аз саратон

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли соли 2025, №408, дар тамоми кишвар аз 1 то 31-уми октябри соли равон маъракаи иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам барои духтарони синни 10-14-сола гузаронида мешавад. Зимнан ваксинаи зидди вируси папилломаи одам, ки самарабахшу бехатар аст, ба духтарони синну соли мақсаднок ройгон (бепул) ворид карда мешавад.

Вируси папилломаи одам чӣ хатар дорад?

Вируси папилломаи одам (ВПО) зиёда аз 200 намуд дошта, яке аз вирусҳои хатарнок дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, зеро он боиси пайдоиши бемории саратон шуда метавонад. Хусусан, намудҳои 16 ва 18-и вируси мазкур хатари зиёд доранд, зеро ба пайдошавии саратони гарданаки бачадон дар занон, саратони узвҳои таносул дар мардон, ҳамчунин саратони узвҳои ковокии даҳон ва мавқеи аногениталӣ оварда мерасонанд. Намудҳои дигари ВПО – 6 ва 11 омилҳои асосӣ барои пайдоиши омосҳои хушсифат, ба монанди папилломаҳои пӯст, кондиломаҳо ва озахҳо шуда метавонанд.

Олимони саратоншинос чӣ мегӯянд?

Тавре яке аз саратоншиносони маъруфи ҷумҳурӣ, доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи онкологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Умарзода Саида Ғайрат мегӯяд:

– Саратони гарданаки бачадон аз рӯйи паҳншавӣ дар ҷаҳон ҷойи 4-умро ишғол менамояд. Соли 2023 дар дунё тақрибан 640 ҳазор ҳолати нави гирифторшавӣ ба саратони гарданаки бачадон ва 311 ҳазор ҳодисаи фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Таҳлили гирифторшавии занону духтарони синну соли аз 15 то 49-сола ба бемории саратон нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон саратони гарданаки бачадон баъди саратони ғадуди ширӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Мувофиқи тадқиқоти Агентии байналмилалии омӯзиши саратон, дар 10 соли охир гирифторшавии занон ба саратони гарданаки бачадон дар синну соли ҷавонӣ (15-44-сола) ҳудуди 70% афзудааст, ки ин хеле ташвишовар мебошад.

Айни замон дар Тоҷикистон 2259 нафар занони гирифтори саратони гарданаки бачадон дар қайди марказҳои саратоншиносӣ қарор доранд. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 423 нафар занони мубталои саратони гарданаки бачадон бори аввал ба қайд гирифта шуда, 126 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

Иммунизатсия – роҳи ягонаи пешгирии саратони гарданаки бачадон

Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ки роҳи ягонаи пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон – иммунизатсия, яъне воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам мебошад. Бо ҳамин мақсад ба Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумиҳурии Тоҷикистон боз як ваксинаи нав илова шуда, аз 1 то 31-уми октябри соли равон барои тамоми духтарони синну соли 10-14-сола иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам гузаронида мешавад. Минбаъд ҳар сол духтарони 10-сола иммунизатсия карда мешаванд.

Ваксинагирӣ дар куҷо мегузарад?

Иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам аз ҷониби кормандони тиб дар муассисаҳои таҳсилоти миёна гузаронида мешавад. Духтароне, ки ин ваксинаро бо ягон сабаб дар мактаб нагирифтанд, иммунизатсияи онҳо дар муассисаҳои тиббии макони истиқомат гузаронида мешавад.

Духтарон кадом намуди ваксинаро мегиранд?

Мародсилтон Назархудоева, духтур-эпидемиологи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” мегӯяд:

– Бо мақсади пурсамар гузаронидани маъракаи оммавии иммунизатсияи духтарони 10-14-сола ба муқобили вируси папилломаи одам, ҳанӯз моҳҳои май-июни соли 2025 ба ҷумҳурӣ 496410 вояи ваксинаи «Гардасил» ворид шудааст. Моҳи сентябр боз 24140 вояи ваксина ворид карда мешавад. «Гардасил» ваксинаи чорвалента буда, барои пешгирии 4 намуди вируси папилломаи одам (6, 11, 16 ва 18) пешбинӣ шудааст, зеро маҳз ин намудҳои вируси мазкур боиси пайдоиши бемориҳои саратони пӯст, пардаҳои луобии бадан, гарданаки бачадон ва дигар узвҳои ҷинсӣ мешаванд. Ваксинаи «Гардасил» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсол шуда, барои духтарони аз 9 то 14-сола тавсия мешавад, зеро дар ин синну сол иммунизатсия таъсир ва самарабахшии баланд дошта, масунияти қавии баданро таъмин менамояд. Самарабахшии ваксинаи «Гардасил» пас аз гирифтани як вояи он 97% ва аз он болоро бар зидди намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам ташкил медиҳад. Дар натиҷа бо гирифтани 1 вояи ин ваксина духтарон минбаъд аз бемории саратони гарданаки бачадон эмин мемонанд.

Оризаҳои эҳтимолӣ

Ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба китфи духтарон ворид карда мешавад. Ҷойи гузаронидани сӯзандору каме сурхчатоб шуда метавонад, вале ин на аз ваксина, балки аз таъсири сӯзан буда, давоми як-ду шабонарӯз мегузарад. Пас аз ваксинагирӣ ҳарорати бадан метавонад андаке баланд шавад, вале ин комилан бехатар аст.

Дар кадом ҳолат ваксина гузаронида намешавад?

Ваксинаҳо дар яхдонҳои махсус нигоҳдорӣ шуда, бо сумка-яхдон ба макони гузаронидани иммунизатсия бурда мешаванд.

Иммунизатсияро 3 нафар кормандони тиб мегузаронанд ва пеш аз воридкунии ваксина духтарон аз ташхис гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои зерин гузаронидани ваксина мавқуф гузошта мешавад:

Бемориҳои шадиди сироятӣ ва соматикӣ.

Ҳарорати баланди бадан (> 380C).

Дар ҳолатҳои зерин ба духтарон ин ваксина гузаронида намешавад:

Ҳассосияти баланд (аллергия) доштан ба ҳар як ҷузъи ваксина.

Анафилаксия ба вояи ваксина.

Гемофилия, тромбоситопения ва ё ҳама гуна вайроншавии системаи лахташавии хун (бо назардошти он, ки тазриқҳои дарунимушакӣ метавонанд хунравӣ ё гематомаҳоро ба вуҷуд оранд).

Синни то 9-солагӣ.

Домулло Азалшоҳ Шарифзода:

Иммунизатсия аз нигоҳи Ислом ҷоиз аст!

Оё аз назари дини мубини Ислом ба хотири муҳофизат аз бемориҳои вазнин ваксинагирӣ барои мусалмонон ҷоиз аст?

Дар посух ба ин саволи мо сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Ҳисор ба номи Имоми Аъзам, узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, домулло Азалшоҳ Шарифзода чунин гуфтанд:

– Аслан, дар китоби муқаддаси Қуръон барои муолиҷаи маризиҳои гуногун 3 шакли табобат муқаррар шудааст. Бемориҳое, ки бо рӯҳу равон алоқамандӣ доранд, бо даму дуо табобат карда мешаванд, вале вақте гап сари иллатҳои ҷисмонӣ меравад, ба ҳакимон, яъне табибон такя кардан лозим аст. Аз ин дидгоҳ гузаронидани сӯзандоруи махсус ба духтарони мусалмон, яъне иммунизатсия аз нигоҳи дини мубини Ислом ҷоиз мебошад, чунки он барои муҳофизати ҳаёти онҳо аз бемории хатарноки саратон хидмат мекунад. Иммунизатсия ва истифодаи ваксинаҳо дар ҳолати зарурӣ мубоҳ шуморида шуда, баъзе донишмандон дар замони пандимеяи COVID-19 истифодаи онро воҷиб донистаанд.

Ваксина аз саратони гарданаки бачадон  эмин медорад!

Хулоса, иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ягон хавфу хатар надошта, танҳо бо мақсади ҳифзи саломатии духтарон, ки модарони оянда мебошанд, роҳандозӣ шудааст. Як вояи ваксинаи зидди вируси папилломаи одам қодир аст, духтари шуморо солҳои тӯлонӣ аз бемории саратони гарданаки бачадон эмин нигоҳ дорад!

Фирӯза САТТОРӢ, сомонаи Oila.tj

(АКС аз интернет)

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search