Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон конфронси илмию амалӣ доир гашт

04-уми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон конфронси илмию амалӣ доир гашт, ки дар он Акбар Муродзода, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, ҳайати кормандони маркази мазкур ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур иброз дошт, ки масъалаҳои дарёфт ва ташхису табобати бемории саратон яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, дар ин самт пайваста дар кишвар тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки баланд бардоштани иттилоотнокӣ ва сатҳи дониши табибони оилавӣ, ҳамзамон мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар ҳама сатҳҳо оид ба усулҳои муосири пешгирӣ ва скрининг, ташхиси бармаҳал, табобати мукаммал, аз он ҷумла кумаки паллиативӣ, инчунин назорат ва барқарорсозии беморон бо саратони узвҳои гуногун баҳри беҳтар кардани фаъолияти хизматрасонӣ ба беморони саратон мусоидат мекунад.

Дар идомаи баромади хеш номбурда ба масъалаҳои калидии онкологияи муосир равшанӣ андохта, ба беҳтар шудани мубориза бар зидди бемориҳои саратонӣ тавассути такмил додани усулҳои табобат, васеъ кардани барномаҳои ташхиси барвақт ва ҳамкории фаъоли байналмилалӣ изҳори умедворӣ намуд. Аз ҷумла ӯ зарурати таҳкими чораҳои пешгирӣ ва аҳамияти баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи омилҳои хавфи саратонро махсус таъкид кард.

Зимни чорабинӣ инчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани дастрасии кумаки онкологӣ ба аҳолӣ диққати махсус дода шуд. Махсусан иштирокдорон аҳамияти муайянкунии барвақти бемориро таъкид карданд, зеро ташхиси саривақтӣ имкони табобати муваффақро ба таври назаррас зиёд менамояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译