Хатлон. Таҳлилу баррасии масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон 23 январи соли 2026 дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба боз ҳам беҳтар кардани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ иброз доштанд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ руи кор гирифта шудаанд.

Дар ин замина, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гаштани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” бунёд, таъмир ва тармими муассисаҳои тандурустӣ ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии таббӣ таъмин гаштани онҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи муассисаҳои тандурустӣ ва инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти ба таъмиру тармим фаро гирифтани муассисаҳои соҳавии таъмирталаб вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сафари корӣ нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварда, бо рафти фаъолияти Беморхонаи марказӣ, Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии бемориҳои дил ва корҳои ободонии иншоотҳои тандурустӣ шинос гашт.

Аснои суҳбат бо масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар барои нақшабандӣ кардан ва марҳила ба марҳила то ҷашни бузурги миллии дар пеш истода аз таъмир баровардани муассисаҳои таъмирталаб, инчунин, муътадил гузаронидани зимистон дар муассисаҳои тандурустӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ, назорати беморон, таъмини беморон бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ҷалб намуд.

Дар ноҳияи мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода аз иншоотҳои тандурустӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорон аз таъмир бароварда шудаанд ва ин раванд идома дорад, низ дидан кард. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Муъминобод саҳми соҳибкорон дар бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ назаррас мебошад. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ карда, ба онҳо ҷиҳати дастгирии соҳа изҳори миннатдорӣ баён кард.

Баъдан, дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Беморхонаи ёрии таъҷилӣ ва Маркази вилоятии бемориҳои эндокринологӣ дидан карда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд. Дар ин ҷо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии болозикр баҳри саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба шаҳрвандон, пешгирӣ ва дарёфти бемориҳои эндокринологӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идома вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатӣ шинос гашта, бо роҳбарияти муассисаҳои мазкур ва дигар масъулин масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва нақшагузорӣ намудани муассисаҳои соҳавии таъмирталабро баррасӣ кард.

Сафари кории вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Хатлон баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими соҳа дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор низ идома ёфтаву номбурда дар ноҳияҳои мазкур бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос гашта, бо масъулин масъалаҳои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустиро баррасӣ кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search