ВНМО ва ҳомиладорӣ: Солимии фарзандатон аз Шумо вобаста аст!

Модар шудан яке аз лаҳзаҳои хушбахттарини зиндагӣ барои занон аст. Аммо барои он, ки кӯдаки солим ба дунё ояд, муҳим аст, ки зан ба саломатии худ бодиққат муносибат кунад.

Чаро санҷиши ВНМО дар давраи ҳомиладорӣ муҳим аст?

Агар модар сироятёфта ва дар бораи он хабар надошта бошад, эҳтимоли хатари гузаштани вирус ба кӯдак ҷой дорад.

Боиси хушнудист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани табобати саривақтӣ ва дуруст ин хатари гузаришро метавон паст кард ва тамоми хизматрасониҳо комилан ройгон мебошанд.

Ба назари мутахассисисони соҳа, роҳҳои гузаштани ВНМО аз модар ба кӯдак се марҳиларо дарбар мегиранд:

1️⃣ Ҳангоми ҳомиладорӣ. Дар ин давра вирус метавонад тавассути пласента аз модар ба ҷанин гузарад.

2️⃣ Ҳангоми таваллуд. Ҳангоми гузаштани кӯдак аз роҳҳои таваллуд.

3️⃣ Ҳангоми ширмаконӣ, яъне тавассути шири модар.

Чӣ бояд кард, то зани ҳомиладор ба ВНМО гирифтор нашавад?

Пеш аз ҳама ҳар як зани зани ҳомиладор бояд дар оғози ҳомиладорӣ аз санҷиши ВНМО гузарад.

Агар натиҷа мусбат бошад, дар ин ҳолат бояд парешон ва ғамгин нашавад! Хушбахтона, имрӯз дору ва табобатҳои муосир мавҷуданд, ки ба шумо имкон медиҳанд, то кӯдаки комилан солимро ба дунё оваред.

Агар ҳоло ҳомиладор ҳастед ё нақша доред, ки модар шавед, пас ҳатман аз санҷиши ВНМО гузаред!

Ин на танҳо барои шумо, балки барои ояндаи фарзандатон ҳаётан муҳим мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти модарӣ аз имрӯз оғоз мешавад.

Санҷидан осон, донистан муҳим ва ҳаракат кардан ҷонбахш аст!

Барои маълумоти бештар ва фармоиши тести ройгон ба суроғаи hivtest.tj ворид шавед ва санҷиши оҷилиро фармоиш диҳед.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

“Корвони саломатӣ” дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи “Омодагӣ ва гузаронидани соли ҳифзи саломатии давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Шӯрои сарварон дар соли 2026” баррасӣ гашт

Вохурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеролии Олмон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Search