Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни ноҳияи Данғара бинои нави Маркази саломатиро ба истифода доданд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои нави Маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонии он шинос шуданд.

Бунёди бинои нави маркази саломатӣ аз моҳи феврали соли 2025 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 45 мутахассису коргари маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб шуда буданд. Иншоот пурра бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва бо харҷи 10 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Маркази нави саломатӣ сеошёна буда, аз шуъбаи таваллуд бо 10 кати хоб барои модару кӯдак, 46 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла барои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, ҷарроҳӣ, ташхиси дилу рагҳо, амрози занона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бино бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Иншооти нави саломатӣ барои хизматрасонӣ ба зиёда аз 100 ҳазор сокини ноҳия бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешбинӣ шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази нави саломатӣ шароиту имкониятҳои муосири кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шуда, 54 таҷҳизоти тиббии он аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ харидорӣ гаштааст.

Маркази навбунёди саломатӣ аз зумраи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар самти татбиқи амалии сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоӣ ва дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гашта, бо тарҳ ва намои зебои худ ба ҳусни ин мавзеъ зебогии дигар зам менамояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои бунёди маркази муосири саломатӣ изҳори сипос намуда, табибонро ба хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд.

Дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар саросари кишвар зиёд гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳо боло меравад.

Ифтитоҳи бинои нави Маркази саломатӣ дар деҳоти Корези ноҳ… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search