Боздиди роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Истироҳатгоҳи “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо рафти омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба мавсими истироҳатию курортӣ ва ҷараёни хизматрасонии тиббӣ, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоқикистон Абдулло Сафарзода аз Истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун боздид ба амал овард.

Дар доираи боздид номбурда бо раванди фаъолияти истироҳатгоҳи мазкур шинос шуда, аз сатҳу сифати хизматрасонии он дидан ба амал овард.

Қайд гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодагӣ ба мавсими истироҳатию курортӣ дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуда, фаъолияти муассисаҳо дар ин самт айни ҳол бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷониби Абдулло Сафарзода ба масъулини истироҳатгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器