Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз ҷарроҳиҳои мураккабтарини соҳаи пайванд-пайвандсозии якбора ду узв- ғадуди зери меъда ва гурда аз донори зинда ба бемор бомуваффақият гузаронида шуд.
Ба иттилои мутахассисони маркази мазкур, ин ҷарроҳии пайванд маъмулан ба онҳое гузаронида мешавад, ки гирифтори бемории диабети қанди навъи 1 ҳастанд ва ҳамзамон норасоии кори гурда дар эшон ба назар мерасад. Бинобар ин, барои табобати ҳам бемории диабети қанди навъи 1 ва ҳам барои табобати гурда зарурати якбора анҷом додани пайванди ду узв дар чунин беморон ба миён меояд.
Бемор Қурбонов Олимҷон, сокини 29 солаи ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон мебошад, ки тули чанд сол аз бемории диабети қанди навъи 1 азият мекашид ва ҳамзамон норасоии кори гурда низ ӯро азият медод.
Хушбахтона, пас аз 3 рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ вазъи саломатии ҳам бемор ва ҳам донор хуб мебошад ва онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд. Махсусан, пас аз гузаронидани пайванди ғадуди зери меъда ва гурда вазъи диабети қанди навъи 1 ва кори гурдаҳо дар бемор муътадил мебошанд.
Нафари донор ҳамсари бемор Назарова Садафмоҳ, сокини ҳамин ноҳия мебошад ва мегуяд, ихтиёран барои донор шудан ба шавҳараш розӣ шуд, то ӯ шифо ёфта, соябони сари вай ва 3 фарзандонаш бошад.
Дар ҳамин ҳол, Исмоилзода Саидмаҳмуд Саидмаҳмад, директори Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ки амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии ғадуди зери меъда ва гурдаро гузаронидааст, иброз медорад, ки тибқи маълумоти мақолаи охироне, ки доир ба вазъи соҳаи пайвандсозӣ дар Аврупо ба нашр расид, дар дунё то кунун аз донори зинда ҳамагӣ 200 ҷарроҳии пайвандсозии ғадуди зери меъда ва гурда гузаронида шудаасту халос. Чунки пайвандсозии якбора ду узв ба бемор аз донори зинда ҳам аз ҷиҳати техникӣ, ҳам аз ҷиҳати иммунологӣ ва ҳам барои тими табибон бениҳоят мураккаб мебошад.
Ба гуфти номбурда, бинобар сабаби ниҳоят мураккаб будан ва ба донор хатарҳои калон доштан, дар аксар вақт чунин амалиёти ҷарроҳии пайвандсозӣ дар кишварҳои пешрафтаи олам аз маргимағзӣ, яъне аз донорҳои фавтида гузаронида мешавад.
-Илми тибби муосир собит сохтааст, ки пайванди баробари ду узв, махсусан пайванди ғадуди зери меъда ва гурда аз донори зинда ба бемор дар ҳақиқат ҳам хеле душвор аст. Зеро ғадуди зери меъда, ки он узви паринхматозӣ мебошад, як қисмати дисталии онро гирифтану ба як каси дигар пайваст кардан хеле мушкилотҳо дорад. Чунки рагҳояш хеле хурд мебошанд ва барои табибон анҷом додани ин пайванд ба осонӣ ба даст намеояд. Дар баробари ин, баъди амалиёти ҷарроҳӣ низ он яке аз равишҳои мушкилтарин ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷост, ки дар аксар кишварҳои мутараққии олам бинобар сабаби пешгирии хатарҳо ба донор, пайвандсозии ғадуди зери меъда ва гурда аз маргимағзӣ, яъне аз донори фавтида ба нафари бемор анҷом дода мешавад”,-иброз медорад Исмоилзода Саидмаҳмуд Саидмаҳмад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соли 2019 аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди ғадуди зери меъда ва гурда аз донори зинда ба бемор бомуваффақият гузаронида шуда буд.
Исмоилзода Саидмаҳмуд Саидмаҳмад, директори Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон иброз медорад, ки чун дар аксар кишварҳои дунё маъмулан пайванди якҷояи ғадуди зери меъда ва гурда ба беморон бештар аз маргимағзӣ, яъне аз донорҳои фавтида гирифта мешаванд, хуб мешуд, ки дар кишвари мо низ чунин анъана ба роҳ монда бишавад.
Барои анҷом додани ин кор, ки аз як ҷониб боиси наҷоти ҳаёти инсонҳо гашта, аз ҷониби дигар сабаби пешгирии хатарҳо барои донорони зинда мебошад, пеш аз ҳама бояд сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ баланд бардошта шавад ва зарурати анҷом додани пайвандро шаҳрвандон хуб дарк бикунанд.
Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар як қатор кишварҳои мусалмонӣ пайвандсозии узв ба беморон аз донорҳои маргимағзӣ, яъне нафарони фавтида гузаронида мешавад.


