Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат доир гашт

Санаи 03-юми июни соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» Нуриддин Муҳиддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар ҷаласа се масъала-“Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба навзодон дар шуъбаҳои таваллудӣ ва марҳилаи дуюми табобат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, “Вазъи кумак ва хизматрасонии стоматологӣ дар муассисаҳои ҷумҳурӣ (муассисаҳои хусусӣ дар асоси дастрас намудани маълумотнома” ва “Ҷараёни иҷроиши «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба мавзуи -“Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба навзодон дар шуъбаҳои таваллудӣ ва марҳилаи дуюми табобат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев баромад намуд.

Зикр гардид, ки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 қайд гардид, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Гуфта шуд, ки солимии миллат дар ҳама давру замон аз руи солимии модару кӯдак баҳогузорӣ карда мешавад, аз ин лиҳоз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ин қишри ҷомеа равона карда шуда, яке аз механизмҳои он фароҳам овардани шароити мусоид барои таваллуди кӯдакони солим мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол барои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон дар ҷумҳурӣ 16 343 кат фаъолият менамояд, ки аз онҳо 6 884 кат барои модарон ва 9 459 кат барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, дар давоми солҳои охир бо мақсади коҳиш додани таваллуд дар хона барои минтақаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 305 адад катҳои иловагӣ барои таваллудҳои физиологӣ ташкил карда шудааст.

Дар баробари ин, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 80 муассисаҳои таваллудӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 1 муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ, 2 таваллудхонаи вилоятӣ (вилояти Суғд ва ВМКБ) 2 маркази перинаталӣ дар ҳайати беморхонаҳои вилоятӣ дар вилояти Хатлон, 6 таваллудхонаи шаҳрӣ, 4 шуъбаҳои таваллудӣ дар ҳайати беморхонахои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ (Данғара, Қубодиён, Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва МТШ №1 ба номи Карим Ахмедов) ва 65 шуъбаҳои таваллудии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Дар идомаи баромади хеш номбурда доир ба дигар самтҳои муҳими соҳа, аз ҷумла мушкилоту камбудиҳо ба ҳозирин маълумот дод.

Сипас, дар масъалаи дуюм сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стоматология Каримов С.М, ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки соҳаи стоматология яке аз самтҳои муҳими тандурустӣ буда, ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои стоматологӣ равона шудааст. Ин соҳа дар қатори дигар соҳаҳои тиб дар ҷаҳони имрӯзаи босуръат рушдкунанда инкишоф ёфта истодааст. Тибқи маълумоти охири Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, 3,5 миллиард нафар дар ҷаҳон аз бемориҳои стоматологӣ азият мекашад, ки аз ин миқдор кариеси дандонҳои доими – 2,3 миллиард, кариеси дандонҳои муваққатӣ – 530 миллион, бемориҳои пародонт – зиёда аз 1 миллиард мебошад.

Дар рафти баромади худ номбурда доир ба вазъи соҳаи стоматология, таъмини мутахассисон, шароити корӣ ва дастовардҳои соҳа ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Доир ба “Ҷараёни иҷроиши «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Раҳмоналиев Орзу баромад намуд.

Гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 фаъолият намуда, дар ин давра низоми ташаккули тарзи ҳаёти солим дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадриҷан рушд ёфтааст. Дар доираи чорабиниҳои амалишуда, тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2025, №49 Оинномаи нави марказ тасдиқ гардида, фаъолияти минбаъдаи он дар асоси он ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади мутобиқсозии фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ, тибқи фармоиши вазорат аз 30 январи соли 2025, №65 оинномаи намунавӣ барои марказҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ гардида, аксари онҳо оинномаҳои худро ба талаботи ҳуҷҷати мазкур мутобиқ намуданд, ки ин ба беҳтар гардидани идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият мусоидат менамояд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани шароити фаъолияти марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд. Дар ин замина, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба бинои нави вазорат кӯчонида шуда, бо утоқҳои кории замонавӣ, ва шароити мусоиди корӣ таъмин гардид.

Ҳамзамон, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Балҷувон ва як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба биноҳои нав кӯчонида шуда, аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Андешидани чунин чораҳо барои беҳтар намудани муҳити корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва самаранокии фаъолияти марказҳо мусоидат намуд.

Дар маҷмӯъ, «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» аз 5 банд ва 25 зербанд иборат мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 23 зербанд пурра амалӣ гардида, 1 зербанд дар марҳилаи иҷро қарор дорад ва 1 зербанд иҷро нагардидааст.

Иҷрои умумии барнома дар давраи ҳисоботӣ ҳудуди 90% фоизро ташкил медиҳад, ки аз сатҳи баланди татбиқи чорабиниҳои барномавӣ шаҳодат медиҳад ва зарурати идомаи корҳои системавӣ ва тақвияти самтҳои боқимондаро таъкид менамояд.

Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар деҳот, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search