Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Имрӯз, 8-уми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №479 тасдиқ шудааст, баргузор гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳони тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади татбиқи стратегияи мазкур ба ҳозирин маълумот дод.

Дар ин замина қайд карда шуд, ки стратегияи мазкур ҷиҳати   паст намудани сатҳи гирифторшавии сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ,    кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ, ба монанди тамокукашӣ, ғизои носолим, истеъмоли машруботи спиртӣ ва ғайра қабул шудааст.

Дар идомаи  ҷаласа оид ба пешниҳоди лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”барои солҳои 2024-2025 сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холмирзо Давлатзода баромад кард.

Баъдан, доир ба такмили лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои татбиқи стратегияи мазкур аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search