Табодули таҷрибаи мутахассисони Тоҷикистону Қазоқистон дар самти хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар доираи ташрифи мутахассисони Қазоқистон як қатор чорабиниҳо оид ба масъалаҳои акушерӣ, гинекология ва неонатология, мубодилаи таҷриба дар самти хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар назар дошта шудааст.

08-уми июни соли равон мутахассисони соҳаи тандурустии Қазоқистон аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан ба амал оварданд.

Ҳамзамон, дар ин муассиса семинари омӯзишӣ баргузор гашта, мутахассисони ду кишвар дар мавзуъҳои муҳими акушерӣ ва гинекологӣ, мубодилаи таҷриба намуданд.

Сафари кории меҳмонон аз 8-ум то 12-уми июни соли 2026 идома ёфта, дар ҷараёни сафари корӣ боздид аз муассисаҳои давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, “Маркази саломатии №15”-и шаҳри Душанбе, “Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, “Маркази перинаталии шаҳри Бохтар ва Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ба нақша гирифта шудааст.

Показать меньше

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器