Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Санаи 13-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раиси шӯрои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси шӯро, котиби шӯро ва аъзоёни шӯро иштирок намуданд.

Дар рўзномаи ҷаласа як масъала-муҳокимаи натиҷаи аккредитатсияи тиббӣ бо қарорҳои Маркази аккредитатсияи тиббӣ дар 21 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 9 муассисаи давлатӣ ва 12 муассисаи хусусии тиббӣ, ки аз моҳи апрел  то моҳи ноябри соли 2024 аз расмиёти аккредитатсияи тиббӣ гузаштаанд, баррасӣ карда  шуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси шӯрои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки масъалаҳои Аккредитатсияи муассисаҳои тиббӣ   имруз дар арсаи байналмилалӣ мақоми намоёнеро ишғол намуда, талаботро нисбати расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо назардошти сифат ва дастрасии он дигаргун сохтааст.

Маълум аст, ки имрӯз дар соҳаи тандурустӣ зина ба зина тавассути мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтаркунии вазъи инфрасохтор ва рушди неруи кадрӣ дар муассисаҳои тандурустӣ барои вориднамоии аккредитатсия замина гузошта шуда истодааст.

Гуфта шуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 2024, №600 “Дар бораи масъалаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ” қабул гардидааст.

Дар ин раванд, сафарҳои хизматии мутахассисони ҷумҳурӣ ба  кишварҳои хориҷии дуру наздик  анҷом дода шуда, то имрӯз як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва боздид карда шуданд.

Тибқи талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои аккредитатсияи муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои соҳаи тандурустӣ» гузаштан  аз расмиёти аккредитатсияи тиббӣ ҳатмӣ мебошад.

Яке аз вазифаҳои асосии аккредитатсия, ба ғайр аз баҳои берунӣ, ин таъсис додани системаи дохилии сифат, ки стандартҳои аккредитатсияро ҳамчун асосҳои худбаҳодиҳӣ ва худназоратии  ҳайати кормандони муассисаи тандурустӣ ва фаъолияти ихтисосии онҳо истифода мебарад, ба ҳисоб меравад.

Мақсади аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ-ин таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон барои гирифтани кӯмаки тиббию санитарӣ дар ҳаҷм ва сифатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ҳимоя менамояд.

Дар идомаи кори шӯро натиҷаи аккредитатсия дар 21 муассисаи тандурустӣ, ки  аз моҳи апрел  то моҳи ноябри соли 2024 аз расмиёти аккредитатсияи тиббӣ гузаштаанд,  баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Озмоишгоҳи миллии референсӣ

Боздиди Президенти TIKA аз Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода

Лоиҳаи ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ

Хайрулло Иззатов: зиёда аз 90%-и инсултҳоро метавон пешгирӣ кард.

«Илм ва таҳсилоти тиббӣ – аз анъана ба инноватсияҳо»

Системаи электронии сабти таваллуд ва фавт: қадами муҳими модернизатсияи соҳаи тандурустӣ

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器