Имрӯз, 26-уми июни соли равон бахшида ба 29-умин солгарди қабули санади муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки дар ватани азизамон ҳамасола 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, чорабинии идона доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломиддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарони сохторҳои зертобеъ ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ширкат варзиданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азизро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфт.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ қайд гардид, ки 25 июни соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд.
“Қабули қатъномаи мазкур нишонаи эътирофи сиёсати сулҳҷуёна ва инсондустонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор рафта, дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ба имзо расидани он муждаи нек ба кулли тоҷикону тоҷикистониён мебошад”,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Зикр гашт, ки тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст ва ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Дар ҳамин замина, гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ меъмори сулҳи пойдори тоҷикон ва ваҳдату якпорчагӣ мебошанд, дар ин хусус чи хуб фармудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат дарахти сулҳу ваҳдат номиданд, воқеан имрӯзҳо меваи ширину пурсамар ба бор оварда истодааст”,-иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода.
Дар баробари ин, зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати комили миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба сӯи фардои дурахшон ва ободиву созандагӣ гомҳои устувор мегузорад.
Самараи Ваҳдати миллист, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва маҳз бо шарофати пешниҳодҳои муҳиму саривақтии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбуби моро оламиён мешиносанд.
Инак, 29-сол мешавад, ки Ваҳдати миллӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони азизамон пойдор ва устувор аст. Ҳарчанд 29 сол дар назди таърих начандон зиёд аст, вале агар ба дастовардҳои кишвар дар тули 29 сол, яъне баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ назар афканем, аён мегардад, ки Тоҷикистони азиз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаву дурандешонаи Пешвои маҳбуби миллат ба садҳо муваффақияту дастовардҳои беназир ноил гашт, ки қаблан тасаввур карданашон ғайриимкон буд.
Бо ёдоварӣ аз баракати Ваҳдати комили миллӣ гуфта шуд, ки дар ин давра дар Тоҷикистони азизамон рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таъмин гашта, баҳри дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Бо шарофати сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва истиқлолу озодӣ соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамқадами тибби ҷаҳонӣ шуд, аз ҷумла усулҳои муосири тиббӣ дар амал ҷорӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти мусоири тиббӣ ба соҳа ворид гаштанд.
Ҳамзамон, дар ин давра дар Ватани азизамон садҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тандурустӣ сохта ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат бамаротиб беҳтар гардид.
Дар анҷоми чорабинии идона филми кутоҳе доир ба саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу оромӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз манзури ҳозирин гардонида шуд.


