Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли сокинони кишвар ва тоҷикони бурунмарзиро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба эшон муваффақияту сарбаландӣ, комёбиву пирӯзӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзумандам.

Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки бидуни он арзи ҳастӣ намудани дилхоҳ давлат ва миллат имкон надорад. Аз ин ҷост, ки ваҳдатро рукни асосии мавҷудият ва пойдории ҳар як давлат ва миллат арзёбӣ менамоянд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардуми ҳар як давлату миллат таъмин карда мешавад. Дар маҷмуъ, рушду пешрафти дилхоҳ давлатро бидуни ваҳдат тасаввур намудан имкон надорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки саҳми Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он бояд ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Зеро, бесабаб нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун таҷриба барои кишварҳои ҷангазада муаррифӣ карда шуда, он имрӯз мавриди омӯзиши таҳлилгарону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ қарор дорад.

Пас аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид шуд. Дар мамлакат сулҳу оромӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаётман муҳим фароҳам гардида, заминаи воқеии устуворӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон муҳайё гардид.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.

Инак, 29 сол мешавад, ки кабутари сулҳу ваҳдат дар фазои софу беғубори кишвари азизамон дар парвоз мебошад.

Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ҳамчун як кишвари мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи олам шинохта шуд.

Соҳаи тандурустии мамлакат низ дар ин давра ба пешравиҳои бузург ноил гардида, баҳри таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Дар ин давра маҳз бо талошу кушишҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, ҳамзамон, усулҳои муосири ҷарроҳӣ ва табобат дар соҳаи тибби мамлакат ҷорӣ карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, он ҳама дастовард ва пешрафту муваффақиятҳое, ки соҳаи тандурустии мамлакат то имрӯз ба даст овардааст, маҳз самари Ваҳдати миллӣ, иттиҳодиву сарҷамъӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон ба шумор мераванд.

Дар замони имрӯз, ки хатарҳои гуногун сулҳу оромии давлатҳои оламро халалдор менамоянд, мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани он аз пештара бештар кӯшишу талош намоем.

Умедорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон минбаъд низ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати комил атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, барои боз ҳам рушду пешрафти Ватани азизамон аз пештара бештар кӯшиш ва талош менамоянд.

Бо чунин ният ва таманнои нек бори дигар кулли ҳамватанони азизро бахшида ба ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, сиҳатмандии комил, хушрӯзиву саодатмандӣ ва дастовардҳои беназирро баҳрашон таманно менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器