Туркия. Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге

Дар доираи иштирок дар конфронси вазирони тандурустии кишварҳои аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба тақвияти санитарӣ ва амнияти эпидемиологӣ дар чаҳорчӯби чораҳо оид ба муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба заминларза, ки аз 01 июл то 2-юми июли соли равон дар шаҳри Истамбули кишвари Туркия баргузор мегардад, 01-уми июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге вохурӣ намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ яке аз шарикони боэътимод ва муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тандурустӣ ба шумор рафта, айни ҳол ҳамкории мутақобилан судманди кишвар бо ин ташкилоти бонуфӯз дар сатҳи хуб қарор дорад.

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули “Харитаи Роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026–2030” (RHWCA 2.0)-ро, ки бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ амалӣ мегардад, пурра дастгирӣ мекунад.

Гуфта шуд, ки дар чаҳорчубаи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ “Харитаи Роҳ барои саломатӣ ва некуаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2026–2030” на танҳо як ҳуҷҷати стратегӣ, балки ҳамчун воситаи амалӣ барои татбиқи ин рӯзнома, платформаи ҳамоҳангсозӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки мо ташаббуси баргузории Мактаби тобистона оид ба бехатарии беморонро дар моҳи июли соли ҷорӣ, ки бо ташаббуси ТУТ баргузор мегардад, дастгирӣ менамоем ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин мактаб ба як платформаи муассир барои мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин, такмили малакаҳои мутахассисон ва таблиғи фарҳанги бехатарии беморон дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Дар навбати худ, мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге аз ҳамкориҳои ин созмони бонуфӯзи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ҷараёни вохурӣ ҳарду ҷониб вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, баҳри боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search