09-уми июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид, ки дар кори он муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарияти раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа се масъала-“Омӯзиши вазъи солимии занони қобили таваллуд ва солимгардонии онҳо барои омодагӣ ба ҳомиладорӣ ва таваллуд”, “Рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №327 “Дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029” (ба ҳолати 19 июни соли 2026) ва “Вазъи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар марказҳои хизматрасонии иҷтимоии тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолиятдошта” (ба ҳолати 15 июни соли 2026) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба мавзуи “Омӯзиши вазъи солимии занони қобили таваллуд ва солимгардонии онҳо барои омодагӣ ба ҳомиладорӣ ва таваллуд” сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев баромад кард.
Зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Тавре гуфта шуд, солимии миллат дар ҳама давру замон аз руи солимии модару кӯдак баҳогузорӣ карда мешавад, аз ин лиҳоз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ин қишри ҷомеа равона карда шуда, яке аз механизмҳои он фароҳам овардани шароити мусоид барои модаршавии бехавф ва таваллуди кӯдаки солим мебошад.
“Омӯзишу таҳлил ва шиносоӣ бо вазъи солимии репродуктивии аҳолӣ бори дигар исбот менамояд, ки тамоми масъалаҳои вобаста ба сатҳу сифати солимии репродуктивии аҳолӣ, новобаста аз дастовардҳои назаррас дар ин самт, дар соли сипаригардида ҳанӯз ҳам ҳамчун масъалаҳои мубрамтарини ҷомеаи имрӯза боқӣ мемонад”,-иброз дошт номбурда.
Қайд гардид, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №545 “Тартиби ба занҳо расонидани кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди таваллуд” муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС-табибони оилавӣ ва момодояҳо) вазифадоранд, ки занони нақшаи ҳомиладоридоштаро дар шиносномаи минтақа сабт намуда, оид ба омодагӣ ба ҳомиладорӣ машваратҳо гузаронанд.
Иттилоъ дода шуд, ки хизматрасонии тиббӣ ба занони қобили таваллуд дар ҷумҳурӣ дар сатҳи муассисаҳои КАТС (Маркази саломатии шаҳрӣ (ноҳиявӣ), марказҳои солимии репродуктивӣ, марказҳои салорматии деҳотӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва нуқтаҳои тиббӣ) ва муассисаҳои беморхонавӣ (дар шуъбаҳои соматикӣ, шуъбаҳои таваллудӣ ва аворизҳои амрози занона) пешниҳод карда мешавад.
Дар умум, хизматрасонии тиббию санитарӣ ба занони қобили таваллуд аз тарафи 89 марказҳои саломатӣ, 74 марказҳои солимии репродуктивӣ, 15 шуъбаҳои солимии репродуктивии ш.Душанбе, 883 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 1801 бунгоҳҳои саломатӣ расонида мешавад.
Дар идомаи баромади худ Зоир Набиев ҳамзамон доир ба дигар паҳлуҳои мавзуи мазкур ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Вобаста ба “Рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, №327 “Дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029” (ба ҳолати 19 июни соли 2026) директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” Акбар Муродзода баромад намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки вазифаҳои барномаи мазкур аз тақвият додани фаъолият дар самти саратоншиносӣ бо роҳи боздид намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, пурзӯр намудани чораҳои пешгирии бемориҳои саратонӣ дар байни аҳолӣ тариқи гузаронидани корҳои таълимию равшаннамоии доимӣ дар ҳамаи сатҳҳои соҳаи тандурустӣ дар ҳамкории зичи вазорату идораҳои манфиатдор, ки ба коҳиш додани зарар ва бартарфсозии таъсири омилҳои хавфи кансерогенӣ нигаронида шудааст, баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ оид ба ташхиси бармаҳали бемориҳои саратонӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бахши беморхонавӣ тавассути тайёр намудани мутахассисон, хариди таҷҳизоти замонавӣ, беҳтарсозии инфрасохтор, таҳкими равобит байни зинаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ғайра иборат мебошад.
Ҳамин тавр, зимни пешниҳоди масъалаи мазкур аз ҷониби директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ доир ба рафти иҷрои бандҳои барномаи болозикр ба ҳозирин маълумот дода шуд.
Дар робита ба масъалаи сеюми ҷаласа-“Вазъи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар марказҳои хизматрасонии иҷтимоии тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолиятдошта” (ба ҳолати 15 июни соли 2026) сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода баромад кард.
Ба иттилои номбурда, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2025, №13-13.2-503 “Дар бораи ҷойгиркунӣ ва иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ барои соли 2026” аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тариқи баргузор гардидани озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар соли 2026 бо 55 ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ғолиби озмун гардида, мақоми иҷрокунандаи фармоиши иҷтимоии давлатиро гирифтаанд, шартномаҳо ба имзо расонида, дар ин асос соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 57 марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ташкил карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати амалисозии моддаҳои алоҳидаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030, Барномаи давлатӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз ҳисоби маблағҳои фармоиши иҷтимоии давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ 3 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори ВНМО, беморони сил (марҳилаи баъди табобатёбӣ) ва беморони ба кумаки паллиативӣ эҳтиёҷманд (расонидани кумаки иҷтимоии равонӣ ба шахсони дорои бемориҳои табобатнашаванда) ба таври таҷрибавӣ ташкил карда шудаанд.
Дар охир оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта масъулин аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас гирифтанд.


