Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафир ва ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

2-юми майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф ва ҳайати табибони кишвари Олмон, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, вохурӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни сухании хеш иброз дошт, ки солҳои охир бо дастгирии роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардидаанд ва махсусан ӯ барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат аз Бонки рушди Олмон (KfW) ва Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ёдовар шуд.

Тавре зикр гардид, дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” ва Донишгоҳи чашмпизишкии “Мюнх-Мед”-и шаҳри Мюнхени Олмон як гурӯҳ мутахассисони олмонӣ бо шумули профессорон Амир Мубориз Параста, Алиризо Миршоҳӣ, табибони ботаҷриба Паймон Боятӣ ва Ашкон Илҳонӣ аз 27 апрел то 2 майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби табибони кишвари Олмон дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” як қатор ташхис ва ҷарроҳиҳои нодир барои беморони чашм бо касбияти баланд ба анҷом расонида шуданд, ки ин ҳамкориҳо барои рушди тахассуснокии мутахассисони соҳаи бемории чашми тоҷик низ мусоидат намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин муддат аз ҷониби мутахассисони варзидаи Олмон ба 26 беморон, аз он ҷумла ҷарроҳии чашмпардаи синнусолӣ (катаракта) бо усули ФЭК, ба мондани булураки сунъй ва гузаронидани ќисмати антиглаукоматозӣ (гониотомия) гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, дар асоси ҳамкориҳо аз ҷониби мутахассисони Олмон ба кафедраи офтолмологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 2 адад микроскоп барои ҷарроҳиҳои чашм, ду адад биомикроскоп барои муоинаи беморони чашм ва 1 адад дастгоҳи “Кросслинкинг” барои табобати бемориҳои рефраксионӣ ва илтиҳобии карния дастрас карда шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади табодули таҷриба ва баланд бардоштани савияи донишу малака ва таҷрибаи ҳамтоёни хеш аз ҷониби мутахассисони Олмон 4 даврҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои мубрами соҳаи глукома, ретинопатияи диабетӣ, дистрофияҳои синнусолӣ ва рефраксия бо иштироки зиёда аз 100 нафар табибони чашми кишвар баргузор карда шуд, ки ин иқдом барои пешрафту истифодаи таҷрибаи пешрафтаи соҳаи офталмологияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз тарафи табибони тоҷик мусоидат менамояд.

Барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои судманди соҳаи тандурустии мамлакат вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бори дигар ба ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон изҳори миннатдорӣ баён карда, ҳарду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин ҳамкориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search