Ҷаласаи дуюми гурӯҳи ҳамоҳангсоҳӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2025 доир шуд

Имрӯз, 02-юми июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гашт, ки дар кори он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, ҳамоҳангсози лоиҳа Баҳодур Холназар, аъзоёни гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони раёсату шуъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва зерсохторҳои дахлдори вазорат, роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, мутахассисони лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ва ҳамчунин як қисми иштирокчиён аз вилоятҳо ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа гуфта шуд, ки лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ба дастгирии ҳадафи стратегии рушди сармояи инсонӣ, ки дар татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи афзалиятноки сармоягузорӣ, ки ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории тандурустӣ, захираҳои инсонӣ ва рақамикунонӣ равона гаштааст, мусоидат мекунад. Нақшаи афзалиятноки сармоягузорӣ ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд хизмат карда, баррасии солонаи бахшро барои назорати татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таъмин мекунад.

Илова бар ин, лоиҳа барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ 3,8), ки дастрасии аҳолии ҳама қишрҳоро ба хизматрасониҳои босифат ва дастрас таъмин менамояд, мусоидат мекунад ва ба беҳтар намудани системаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ кумак менамояд.

Ҳамин тавр, дар ҷаласа оид ба ҳадафҳо, вазифаҳо ва сохтори идоракунии лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ҳамоҳангсози лоиҳа Баҳодур Холназар маълумоти муфассалро пешкаши иштирокчиён гардонид.

Дар самти фаъолият ва нақшаҳои қисмати якуми лоиҳа, яъне “Баланд бардоштани сифати кумаки аввалияи тиббӣ тавассути таҳкими муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”, ки дар ҳамбастагии зич бо Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат вобаста аст, сардори шуъбаи КАТС-и раёсати мазкур Олимҷон Маннонов маълумот дод.

Қисмати дуюми лоиҳа “Ислоҳот оид ба баланд бардоштани самаранокии шабакаи КАТС равонагардида” мебошад, ки дар ин қисмат хариди стратегии хизматрасониҳои КАТС мақсади асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ҳамкориҳо бо Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вазорат равона шудааст. Оид ба фаъолияти лоиҳа дар ин самт сардори Раёсати ислоҳот ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Зайнулло Шарипов баромад кард.

Яке аз ҳадафҳои дигари лоиҳа зерқисмати 2.2, яъне рақамикунонии системаи тандурустӣ дар чанд ноҳияи зерҳадаф, аз ҷумла дар муассисаҳои 8 ноҳияи вилояти Суғд ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию саниратии шаҳри Душанбе мебошад.

Оиди амалишавии ин қисмати лоиҳа директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шамсуллозода Манучеҳр маълумоти мушаххас дод.

Эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, саривақт вокуниш нишон додан ба он яке аз вазифаҳои асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки дар ин самт лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” яке аз шарикони асосӣ ба шумор меравад. Оид ба татбиқи қисмати. 3 “Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ ва эътино ба онҳо” сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатзода Саид Ҳайдар муфассал пешниҳоди ҳозирин кард.

Дар интиҳои ҷаласа масъалаҳои ҳалталаб оид ба татбиқи лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён фикру андеша ва пешниҳодҳои худро барои пешрафти кор иброз намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search