Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти лапароскопии резексияи меъда бо гастроэнтероанастомоз бо усули Билрот II гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар бемори 32-сола, ки бо шикоятҳои камшавии назарраси вазни бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дард ва ҳиссиёти вазнинӣ дар қисми болои шикам ва сӯзиши меъда муроҷиат намуда буд, якумин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин беморон амалиёти лапароскопии резексияи меъда бо гузоштани гастроэнтероанастомоз бо усули Билрот II гузаронида шуд.

Баъди муроҷиат ба маркази мазкур муайян гардид, ки бемор тули зиёда аз 15 сол аз бемории захми меъда азият мекашад ва дар натиҷа ба ӯ чунин ташхис гузошта шуд: бемории захми меъда ва рудаи дувоздаҳангушта, пилоростенози декомпенсивӣ, кахексияи дараҷаи II, инчунин ҳолат пас аз духтани захми перфоратсияшудаи рудаи дувоздаҳангушта.

Муоинаи бемор аз ҷониби директори маркази номбурда, номзади илмҳои тиб Раҳмонов Ҷамахон Аҳмадович, инчунин доктори илмҳои тиб, профессор Ғоибов Алиҷон Ҷураевич ва дотсент, номзади илмҳои тиб Рашидов Фахриддин Шамсиддинович гузаронида шуд.

Пас аз муоина дар давоми даҳ руз ба бемор омодагии пеш аз ҷарроҳӣ гузаронида шуд, ки шустани мунтазами меъда тавассути зонди назогастралӣ, табобати зидди решӣ ва инчунин беҳтар намудани ҳолати умумии беморро дар бар мегирифт.

Ҳамин тавр, баъди анҷоми омодагӣ ба бемор амалиёти лапароскопии резексияи меъда бо гузоштани гастроэнтероанастомоз бо усули Билрот II бомуваффақият гузаронида шуд.

Тавре мутахассисони марказ иброз медоранд, баъди амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати бемор муътадил буда, дар он нишонаҳои беҳбудӣ ба назар мерасанд. Айни ҳол бемор таҳти назорати мутахассисони марказ қарор дошта, раванди барқароршавиро фаъолона идома медиҳад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram