Доир ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷаласаи корӣ доир шуд

Имрӯз, 13-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохурӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, нозири калони Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқиии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Наврӯз, сарнозири Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқиии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Азамзода Шаҳром, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.

Дар оғози вохурии мазкур Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат вобаста ба масоили мафҳуму моҳияти коррупсия муфассал андешаронӣ намуд.

Баъдан, Собирзода Наврӯз, нозири калони Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқиии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни суханронии хеш оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат маълумот дод.

Тавре дар ҷаласаи мазкур қайд гардид, дар ҳақиқат коррупсия аз зуҳуроти мурраккаби ҷамъиятӣ буда, он ба рушди минбаъдаи кишварҳои олам ва таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон таъсири манфии худро мерасонад. Айни ҳол аз Созмони Миллали Муттаҳид сар карда, дар тамоми кишварҳои олам барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.  

Дар кишвари мо низ мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафтаву бо ин мақсад мақомоти дахлдор таъсис ва ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул карда шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search