Пешрафт дар ташхис ва табобати бемории сил: Ташкилоти байналмиллалии «Духтурон бидуни марз» лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил»-ро дар Кӯлоб ба анҷом мерасонад.
14-уми майи соли 2026 дар шаҳри Кулоб «Духтурон бидуни марз» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» маросими пушидашавӣ ва анҷомёбии бомуваффақияти лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил»-ро дар Кӯлоб баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, кормандони соҳаи тандурустӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Лоиҳаи мазкур, ки аз соли 2021 амалӣ мегардад, ба таҳкими хизматрасониҳои ошкорсозӣ, табобат ва пешгирии бемории сил (БС) дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он равона шуда буд. Тавассути ин ташаббус, «Духтурон бидуни марз» бо муассисаҳои тандурустии миллӣ ва маҳаллӣ барои баланд бардоштани иқтидори хизматрасониҳои бемории сил ва беҳтар кардани нигоҳубини ба бемор нигаронидашуда зич ҳамкорӣ намуд.
Гийом Мазамби, муовини роҳбари намояндагии «Духтурон бидуни марз», гуфт: «Мо дар якҷоягӣ барои коҳиш додани сарбории бемории сил дар минтақаҳои аз ҳама бештар осебдида тавассути ҷалби ҷомеъа ва амалияҳои устувори тиббӣ тамаркуз намудем.» «Бо талошҳои муштараки худ, мо равишҳои ҳамаҷониба ва инноватсиониро барои мубориза бо бемории сил ҷорӣ кардем, ки ба афзоиши иқтидори миллӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба нигоҳубини босифати табобат мусоидат мекунанд».
Яке аз ҷузъҳои асосии Лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил» ҷустуҷӯи фаъоли ҳолатҳои бемории сил ва пайгирии тамосҳо буд, то ки шахсони гирифтори бемории сил барвақттар муайян карда шуда, хатари интиқоли минбаъдаи беморӣ коҳиш дода шавад. Лоиҳа тақрибан 50 деҳаро дар чор ҷамоат ва шаҳри Кӯлоб фаро гирифта, зиёда аз 22 500 нафарро аз ташхис гузаронд.

Зиёда аз 2 200 нафар аз шахсони дар тамоси наздик бо беморони сил қарор дошта барои ташхис муайян карда шуданд ва 387 нафари онҳо табобати пешгирикунандаи силро оғоз намуданд. Аз 22 500 нафари ташхисшуда, дар 30 нафар бемории сил тасдиқ гардида, онҳо ба табобати сил фаро гирифта шуданд.
Лоиҳа инчунин фаъолиятҳои иттилоотию маърифатии ҷомеавиро дастгирӣ намуд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба бемории сил, ташвиқи ташхиси барвақтӣ ва коҳиш додани тамғагузории марбут ба ин беморӣ буд.
Дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории шаҳри Кӯлоб ва Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар шаҳри Кӯлоб, «Духтурон бидуни марз» табобати қариб 52 бемори гирифтор ба бемории сили ба доруҳо тобоварро дастгирӣ намуд.

“Равишҳое, ки дар Кӯлоб татбиқ гардиданд, ҷузъҳои асосии дурнамоҳои (стратегияҳои) миллии мубориза бо бемории силро инъикос мекунанд: ошкорсозии саривақтӣ тавассути ошкоркунӣ ва муоинакунии (скрининги) фаъолона, табобати самараноки ҳам шакли сили ҳассос ба доруҳо ва ҳам шакли устуворгашта ба доруҳо, чораҳои пешгирикунандаи сироят барои коҳиш додани интиқолёбии беморӣ, инчунин нигоҳубини ҳамаҷониба фарогиранда ва ба ҷомеъа асосёфта, ки бо низомҳои қавии назорат ва мониторинг дастгирӣ карда мешаванд,” гуфт Валиев Зиёвиддин, Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил».
Илова бар таҳкими хизматрасониҳои тиббӣ, лоиҳа дастгирии равонӣ- иҷтимоиро низ барои беморони сил ҷорӣ намуд — ин як қадами муҳим дар ҳалли мушкилоти эҳсосӣ ва иҷтимоии марбут ба ин беморӣ мебошад. Бисёре аз беморони гирифтор ба сил дар ҷараёни табобати тӯлонӣ бо изтироб, барчаспзанӣ (стигма) ва мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Машваратдиҳӣ ва хизматрасониҳои равонӣ- иҷтимоӣ ба беморон кӯмак мекунанд, ки дар раванди табобат фаъолона иштирок намоянд ва табобатро бомуваффақият ба анҷом расонанд.
Ҳамкории «Духтурон бидуни марз» ва муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи солҳои зиёди ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ дар таҳкими хизматрасониҳои бемории сил дар саросари кишвар асос ёфтааст. Ташаббусҳои қаблии муштарак дастгирии барномаҳои ташхис ва табобати бемории сил, лоиҳаи бемории сил дар кӯдакон дар шаҳри Душанбе, Ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди бемории сил, инчунин тақдими таҷҳизоти теле-медицина ба муассисаҳои тиббӣ дар ш.Душанбе ва ш.Кӯлоб-ро дар бар гирифтаанд. Ҳамчунин, як воситаи навоваронаи (инноватсионии) ташхис бо зеҳни сунъӣ (AI) ба шӯъбаи рентгении Беморхонаи минтақавии мубориза бар зидди бемории сил дар Кӯлоб ворид карда шуд.

Бо вуҷуди он ки лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил» дар шаҳри Кӯлоб ҳоло ба анҷом расид, интизор меравад, ки беҳбудиҳои ҷоришуда тавассути ин ташаббус минбаъд низ ба беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин минтақа манфиат мерасонанд. Тақвияти ташхиси саривақтӣ, густариши нигоҳубини ба бемор нигаронидашуда ва ҳамгироии дастгирии равонӣ-иҷтимоӣ ҳамоно унсурҳои калидӣ дар талошҳои васеъ барои аз байн бурдани бемории сил дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
“Дар оғози беморӣ ман хеле заиф шуда будам, иштиҳо надоштам ва базӯр роҳ мерафтам,” ба ёд меорад Қурбоналӣ Шахов. “Кормандони тиббии беморхона ба ман нигоҳубини хеле хуб расониданд. Ман пурра шифо ёфтам ва ҳоло худро боз қавӣ ва солим ҳис мекунам.”
«Духтурон бидуни марз» бори дигар садоқати худро барои дастгирии талошҳои сохторҳои миллӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати ташхис ва табобати бемории сил тасдиқ намуда, инчунин омодагии худро барои ҳамкорӣ бо шарикон бо мақсади наздик шудан ба ҳадафи аз байн бурдани бемории сил дар Тоҷикистон ва берун аз он изҳор медорад. Бо такя ба солҳои тулонии ҳамкории пурсамар бо мақомоти миллии соҳаи тандурустӣ ва ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ, «Духтурон бидуни марз» содиқона ӯҳдадор мемонад, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими ташхис ва табобати ба бемор таммаркузшуда, густариши дастрасии баробар ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ барои ҳамаи аҳолӣ ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъ намудан ва аз байн бурдани мушкилотҳои муҳими соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ дар солҳои оянда равона мегардад.


