Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббӣ ва корҳои ободониву созандагии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон 25-уми феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои муассисаҳои тандурустӣ шинос гашт.

Дар ноҳияи Хуросон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Маркази саломатии он ташриф оварда, аз ҷараёни хизматрасонии тиббии ин муассисаи тандурустӣ дидан кард.

Дар ин ҷо номбурда аз фаъолияти шӯъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ дидан карда, инчунин бо як қатор беморон суҳбат анҷом дод.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои муосири ташхису табобат ва беҳтар кардани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ҷиҳати истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллии 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншоотҳои тандурустии ноҳияҳои болозикр корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ низ дидан намуд.

Аснои шиносоӣ бо рафти корҳои ободонии муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар баробари ин, Ҷамолиддин Абдуллозода бо масъулини соҳаи тандурустии ноҳияҳои мазкур масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва гайрисироятӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои гуногун, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search