Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил дар кишвар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ин самт пайваста чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамояд.

Дар ҳамин замина, ҷиҳати шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи бемории мазкур дар кишвар, дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳа, усулҳои нави ташхису табобати он ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа бо муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслидин Раҷабов суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

-Муҳтарам Аслидин Раҷабов, нахуст мехостем доир ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сил мухтасар маълумот медодед?!

-Ташаккур. Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи силшиносии кишвар баръаъло мушоҳида мегардад, ки  ин ҳам бошад дар даврони истиқлолият қабул ва татбиқ гардидани чор барнома ва як нақшаи миллии стратегӣ оиди  ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба шумор меравад. Айни ҳол дар асоси Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021 – 2025, ки 27 феврали соли 2021, №49 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст, фаъолият дар ин самт идома ёфта истодааст.

Дар ин замина, сол аз сол зиёд гаштани маблағгузории соҳа, аз ҷумла аз соли 2019 ба миқдори 100% баланд бардоштани маоши кории кормандони соҳаи силшиносӣ ва дигар кормандоне, ки бевосита бо бемории сил кор ва фаъолият мекунанд, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории дигари Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаи мазкур дарак медиҳанд.

Дар умум, вобаста ба саволи шумо ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо баҳри пешгирӣ ва ташхису табобати бемории сил дар кишвари мо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд ва боварии комил дорем, ки фаъолият дар ин самт минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

-Дар муқоиса ба чандин сол қабл ҳоло дар соҳаи силшиносии кишвар чӣ гуна навгониҳо ба назар мерасанд?

-Албатта, навгониҳо хеле зиёданд, ки дар бораи онҳо метавон соатҳо суҳбат кард. Мухтасар ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки инфрасохтори соҳа пурра барқарор карда шуда, муассисаҳои зиддисили таъмир ва азнавсозӣ  гаштанд. Дар баробари ин, шароити ташхисии соҳа хуб гашта, он бо тамоми таҷҳизотҳои муосири замонавӣ таъмин мебошад. Ҳамзамон, тамоми намуди доруҳои зиддисилӣ барои ҳама намуди беморони сил дастрас мебошад, ки ин ҳама чандин сол қабл дар кишвар вуҷуд надоштанд ва ё хеле маҳдуд буданд.

– Мехостем бифаҳмем, ки ҳоло дар кишвар дар самти ташхису табобати беморони сил оё дастгоҳу таҷҳизоти муосир дастрас аст?

-Албатта, тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии давлатҳои Аврупо ва пешрафта фаъолият мекунанд, дар ҷумҳурии мо низ дастрас шудаанд, аз ҷумла дастгоҳҳои рентгении рақамии портативӣ, ки дорои зеҳни сунъӣ мебошанд, 40 адад ба ҷумҳурӣ ворид гашта, дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият карда истодаанд. Бартарии таҷҳизотҳои мазкур дар он аст, ки зарурияти масрафие, ки дар таҷҳизотҳои қаблӣ буданд, аз байн рафта, ҳуҷраи алоҳида зарур нест, яъне бо истифода аз таҷҳизоти нав мо метавонем дар боду ҳавои тоза ё ин, ки ба хонаи бемор рафта, дар бистари беморӣ акси рентгенӣ гузаронем, ки он вақти зиёдатиро низ талаб намекунад ва дар муддати ду дақиқа як нафарро аз муоина гузаронидан мумкин аст. Инчунин таҷҳизоти мазкур бинобар доштани зеҳни сунъӣ бе иштироки мутахассис худ ташхиси бемориро муайян мекунад.

Инчунин, дигар таҷҳизоти муосир, ки шароити ташхисии соҳаро пурзӯр намудааст, ин таҷҳизоти молекуляри генетикӣ (Ҷен-экспер) мебошад, ки дар мудати як соат ҳам бемории сил ва ҳам ҳассосияти чубчамикроби силро ба доруҳои зиддисилӣ муайян мекунад. Ногуфта намонад, ки солҳои пеш бинобар сабаби набудани чунин таҷҳизотҳо мо шароити гузаронидани чунин ташхисро надоштем ва таҳлилҳо ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон равон карда мешуданд, ки вақти омодашавии таҳлил зиёда аз ду моҳро ташкил медод.

Хушбахтона, айни ҳол чунин таҷҳизотҳо 77 адад дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ васл карда шудаанд, ки ба соҳаи силшиносии кишвар хизматрасонӣ карда истодаанд.     

-Саҳми шарикон оид ба рушдро дар самти пешгирии бемории сил дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Бояд гуфт, ки саҳми шарикон оид ба рушд дар соҳаи силшиносии кишвар хеле калон мебошад, аз ҷумла дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо дар асоси тавсияҳои охирини Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ маводҳои доруворӣ ва ташхисӣ ва таҷҳизотҳои муосирро харидорӣ ва ба соҳаи силшиносии кишвар дастрас мекунанд. Инчунин бо дастгирии шарикон оид ба рушд тамоми кормандони соҳа ва мутахассисони кӯмаки аввалияи тиббию санитарии мамлакат аз машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаранд, ки ин иқдом дар навбати аввал баҳри баланд бардоштани савияи донишу малака ва таҷрибаи онҳо саҳми назаррас мегузорад.

Ҳоло дар кишвар як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз қабили Хазинаи глобалӣ, лоиҳаи ЮСАИД/Этика, ташкилоти Табибон бидуни марз, Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ТУТ, ки кӯмаки техникии худро оид ба дарёфт, табобат, пешгирии сироятёбӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои дастури ва методӣ  ба соҳаи силшиносии кишвар мерасонанд, фаъолият доранд.

Оё дар ҳақиқат бемории сил табобатшаванда аст ва бемор бояд чӣ кор кунад, ки аз ин беморӣ  шифо ёбад?

-Бале, бемории сил табобатшаванда аст. Барои шифо ёфтан бемор бояд пеш аз ҳама саривақт ва дар муҳлати муайяншуда табобати зиддисилиро риоя намояд.

-Тавре медонем, табобати бемории сил дар Тоҷикистон пурра ройгон аст. Лутфан дар ин масъала каме барои хонандагони мо равшанӣ меандохтед. Яъне, чӣ гуна хизматрасониҳо барои беморони сил ройгон ҳастанд ва гирифторони ин беморӣ чӣ гуна ва дар куҷо метавонанд аз онҳо истифода баранд?

-Дар ҳолате, ки дар шаҳрванд ташхиси бемории сил тасдиқ гардад, табобати  он пурра ба таври ройгон таъмин карда мешавад. Инчунин дар рафти табобат муоинаҳои иловагӣ низ ба таври ройгон гузаронида мешаванд.

Бо ин мақсад дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил  фаъолият мекунанд, ки мувофиқи ҷойи истиқомат шаҳрвандоне, ки дар онҳо бемории сил тасдиқ мегардад, метавонанд муроҷиат кунанд ва аз ин хизматрасониҳо бархурдор гарданд.

-Сатҳи гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории сил айни ҳол дар мамлакат дар кадом сатҳ қарор дорад ва он дар муқоиса ба солҳои пеш зиёд ва ё кам шуда истодааст?

-Айни ҳол сатҳи гирифторшавӣ ба бемории сил дар ҷумҳурӣ идорашаванда буда, он нисбат ба солҳои қабл бамаротиб коҳиш ёфта истодааст. Масалан, сатҳи баландтарини гирифторшавии шаҳрвандон дар кишвар аз бемории сил дар соли 2007 ба қайд гирифта шуда буд, ки 85,1 нишондод ба 100 ҳазор аҳолиро ташкил медод ва дар соли 2023 ин нишондод ба 40,2 ба 100 ҳазор аҳолӣ расонида шуд.

-Дар охир ба хонандагони сомонаи moh.tj чӣ гуфтан мехоҳед? Ва таманнои шумо ба гирифторони бемории сил чист?

-Ба хонандагони гиромӣ ҳаминро мехоҳам бигуям, ки дар ҳолати пайдо шудани  нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш, яъне сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона саривақт ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат карда, аз муоинаи сил гузаранд, чунки саривақт муайян шудан ва ба табобат фаро гирифтани бемории сил ин кафолати шифоёбии пурра ва эмин нигоҳ доштани оила, атрофиён аз сироятёбии бемории сил мебошад.

Ба беморон бошад, чунин тавсия медиҳам, ки миқдори истеъмоли доруҳои зиддисилӣ ва муҳлати табобатро қатъиян риоя кунанд.

-Муҳтарам Аслидин Раҷабов, барои чунин як суҳбати ихтисосӣ аз шумо сидқан сипосгузорем ва ба кору фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақият таманно менамоем.

Суҳбаторо Хусрав Шосаидзода,

корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

Суғд: семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории обилаи маймун

Search