Имрӯз, 17-уми апрели соли равон дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд. Ҳамзамон роҳбарияти як қатор сохторҳои зертобеи вазорат аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) н дар ҷаласа ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 3 моҳи аввали соли 2026 ва вазифаҳо то охири соли 2026 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад кард.
Тавре зикр гардид, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ як қатор муассисаҳои табобатию пешгирӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёду азнавсозӣ гардида, заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии онҳо мунтазам баланд бардошта мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки моҳи марти соли равон бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Беморхонаи маркази ноҳияи Мастчоҳ, таваллудхона дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва Маркази ташхисию табобатии Нейромед дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади беҳтаркунии инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 аз ҳама сарчашмаҳо дар кишвар 22 муассисаҳо (17 муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), 2 муассисаҳои госпиталӣ ва 3 муассисаҳои хусусӣ) сохта шуд. Дар баробари ин, айни замон дар 76 муассиса (57 муассисаҳои КАТС, 12 муассисаҳои госпиталӣ ва 7 муассисаҳои хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин давра, 22 муассисаҳо (18 муассисаҳои КАТС ва 4 муассисаҳои госпиталӣ), таъмир гардида, дар 150 муассиса (107 адад муассисаҳои КАТС ва 43 адад муассисаҳои госпиталӣ) корҳои таъмирӣ идома доранд.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 дар умум 22 навгониҳо ворид карда шудааст, ки аз инҳо -2 навгонӣ дар самти ташхис ва 20 навгонӣ дар самти табобат мебошанд.
Ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мувофиқи маълумотҳои омории пешакӣ, дар 3 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 65 610 нафар кӯдакон таваллуд шудаанд, ки нисбат ба соли 2025 (60156) 5 454 нафар зиёд мебошад.
Дар се моҳи соли 2026 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ бо таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, рентгени рақамии сайёр, мебел ва молҳои тиббӣ катҳои функсионали бо матрас, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, дору ва молҳои тиббӣ, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии ва сайёр, миззи ҷарроҳӣ ва ғайра таъмин карда шуданд.
Дар идомаи баромади хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат доир ба фаъолияти дигар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ маълумот пешниҳод намуд.
Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ доир ба фаъолияти хеш дар семоҳаи аввали соли 2026 баромад карданд.
Дар идома вазъи феълии соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати то ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз ҷойҳои номутобиқ баровардани муассисаҳои тандурустӣ, таъмиру тармими муассисаҳои соҳавӣ ва бо мутахассисони таъмин намудани онҳо, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд, пешгирии бемориҳои сироятӣ, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.


