Қазоқистон. Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар чорабинии сатҳи баланди “Ҳифзи наслҳои оянда: Саломатӣ дар маркази рӯзномаи экологӣ – дарсҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти минтақаи баҳри Арал”

Санаи 22-юми апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи Ҳамоиши минтақавии экологӣ ҷаласаи панелии вазирони тандурустии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон зери унвони унвони “Ҳифзи наслҳои оянда: Саломатӣ дар маркази рӯзномаи экологӣ – дарсҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти минтақаи баҳри Арал” баргузор гардид.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд муовини Сарвазир ва вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аида Балаева, директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус ва ҳамзамон директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Махсусан, номбурда аснои суханронии хеш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёд ташаббусҳои байналмилалиро, ки ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахши обу иқлим нигаронида шудаанд, пайваста пеш мебарад. Дар ин замина зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии СММ солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, ки баҳри ҳаллу фасли масъалаву мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа равона гаштаанд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки хушк шудани баҳри Арал боиси нобудшавии экосистемаҳо, пайдоиши биёбони нав ва афзоиши тӯфонҳои чанг ва намак шудааст. Дар натиҷа, миллионҳо нафар одамон бинобар ифлос шудани сифати об ва ҳаво бо хатар рубарӯ ҳастанд, ки ин раванд боиси афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва музмин гардида, махсусан кудакон, занон ва сокинони деҳот осебпазир боқӣ мемонанд.

Бинобар ин, таъкид гашт, ки таҷрибаи минтақаи баҳри Арал ба таври боварибахш нишон медиҳад, ки роҳҳои ҳалли экологӣ ва саломатиро наметавон дар алоҳидагӣ баррасӣ кард. Баръакс, онҳо ба равиши ҳамаҷониба ва байнисоҳавӣ ниёз доранд.

Дар ин робита, изҳори боварӣ карда шуд, ки сафарбаркунии захираҳои молиявӣ – дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ – асоси ҳар як ташаббус дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ва муҳити зист бошад.

Дар интиҳои суханронии хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода омодагӣ ва пуштибонии Тоҷикистонро ҷиҳати баимзорасонӣ ва иҷрои эъломияи муштарак-“Ояндаи солим барои минтақаи баҳри Арал” иброз дошта, онро баҳри таъмини ҳифзи саломатии наслҳои ояндаи минтақаи баҳри Арал муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search