Баррасии густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо

Имрӯз, 04-уми феврали соли 2026 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баргузор гашт.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат нахуст ҷаноби Радослав Дарскиро барои таъйин гаштанаш ба ҳайси роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба кору фаъолияти минбаъдаи ӯ барору муваффақият таманно кард.

Тавре зикр гардид, Иттиҳоди Аврупо беш аз даҳ сол аст, ки таҳкими низоми тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад ва барои дастгирии уҳдадории ҳукумати кишвар ҷиҳати ноил шудан ба фарогирии умумии тандурустӣ саҳми хешро мегузорад.

Татбиқи лоиҳаи муштарак аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, ТУТ, ЮНИСЕФ ва GIZ дар доираи Барномаи рушди тандурустии Тоҷикистон то соли 2025 намунаи ҳамкориҳои судманд бо ин ташкилоти бонуфӯз арзёбӣ гашт.

Дар ин замина, дастгириҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба соҳаи тандурустии кишвар дар давраи пандемияи COVID-19 низ махсус таъкид гардида, гуфта шуд, ки дар ин давра иттиҳоди мазкур барои маблағгузории хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ барои беш аз 1500 корманди соҳаи тандурустӣ ва муҷаҳҳаз кардани 80 беморхона бо дастгоҳҳои вентиляторҳои зарурӣ барои беморони аз ҳама бештар осебдида кумак кард.

Дар идомаи вохурӣ масъалаҳои идомаи дастгирӣ дар ислоҳоти маблағгузории низоми тандурустӣ, баррасии дастгирии танзими бахши дорусозӣ, бахусус тавассути таҳлили чаҳорчӯбаи танзимкунанда барои доруворӣ ва тақвияти иқтидори хадамоти назорати давлатии фаъолияти дорусозӣ, ва дастгирии рушди рақамикунонӣ дар низоми тандурустӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба арзёбӣ карда шуда, баҳри густариши ҳамкориҳо дар ин бахшҳо ҳарду тараф изҳори омодагӣ ва ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 9 моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд

Дар Урдун оид ба масъалаҳои тандурустии минтақавӣ ва байналмилалӣ семинари дурӯза доир гашт

Ифтитоҳи маҷозии 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистон дар шаҳри Истаравшан

Дарсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва хизматрасонии мутахассисон

Конгресси байналмилалии “Терапия ва тибби профилактикӣ” ба таври маҷозӣ доир гашт

Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器