Берлин. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Саммити глобалии шахсони дорои маълулият

Аз 2 то 3-юми апрели соли равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Саммити глобалии шахсони дорои маълулият баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед иштирок дорад. Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии дорои имконияташон маҳдуд низ шомил мебошанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин иштироки намояндагони шахсони дорои маълулият аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ мебошад ва он қадами муҳим дар таҳкими сиёсати фарогир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони як қатор кишварҳои гуногуни олам ба ҳам омада, масъалаву мушкилотҳои шахсони дорои маълулиятро баррасӣ хоҳанд кард.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар маросими хатми ботантанаи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Пас аз таъмир ба истифода додани шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Search