Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ

Беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар ин самт корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҳлил ва баррасии амиқи масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос мешавад.

Имрӯз,  30-юми марти равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо фаъолият ва корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Мастчоҳ шинос гашт.

Дар доираи сафари кории хеш номбурда аз Маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ дидан кардаву бо фаъолияти шуъбаҳо, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ ва шароиту имкониятҳои он шинос гашта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарият ва кормандони онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search