Баргузории курси такмили ихтисос барои кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ҳамчун зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, №174 таъсис ёфта, фаъолияти худро ҷиҳати баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ихтисосгирии аввалияи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ мондааст.

Курси навбатии такмили ихтисос аз 1 то 16 апрели соли 2026 дар заминаи кафедраи таҳсилоти касбии баъдидипломии донишкадаи мазкур доир мегардад, ки оғози расмии он имрӯз, 02-юми апрели соли равон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, роҳбарони сохторҳои воҳидии Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-директорони муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии зерсохтори вазорат, инчунин директорони осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатии собиқадорони ҷангу меҳнат ва мутахассисони соҳа баргузор гашт.

Мавриди зикр аст, ки дар як муддати кутоҳ роҳбарияти донишкада тавонист, ки дар баробари кафедраи таҳсилоти касбии баъдидипломии кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кафедраи кори иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, инчунин ду кафедраи нав — кафедраи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ва кафедраи педагогика ва психологияи тиббиро таъсис дода, онҳоро бо омӯзгорони соҳибунвон ва ботаҷриба таъмин намояд.

Ҳамзамон, бори аввал дар донишкада курсҳои кутоҳмуддати семоҳа — «Корманди хурди тиб» (парастор) ва «Массажи табобатӣ» дар ҳаҷми 378 соат роҳандозӣ гардиданд.

Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, донишкада тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии таълимиро таҳия намуда, ба Агентии назорат дар соҳаи илм ва маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард ва бори аввал соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 19 марти соли 2025, Т-ИФ №0006287 гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search