Чаро мардон бештар ба бемории сил гирифтор мешаванд?

Диловар (номи шартӣ), ки дар ноҳияи Рашт ба умр сар мебурд, мисли садҳо мардони тоҷик барои пешбурди зиндагиаш рӯ ба мардикорӣ оварда, Русияро интихоб карда буд. Ҳар коре, ки аз тарафи корфармо пешниҳод мешуд, аз рӯи масъулияти бар душ доштааш онро анҷом медод. Ҳамин тавр, аз тарафи корфарҳо супориш шуд, ки бояд тамоми гурӯҳ  барои таъмири як беморхонаи кӯҳна, ки қаблан дар онҷо беморони сил табобат мегирифтанд, сафарбар шаванд.

“Баъди се моҳи кор ҳис мекардам, ки саломатиам хуб нест. Дар аввал сулфа авҷ гирифту арақкунии шабона ва ҳароратбаландӣ азиятам медод. Дигар мадори аз ҷой хестан надоштам. Вақте ҳамроҳонам диданд, ки ҳолатам рӯз ба рӯз вазнин шуда истодааст, маро ба Тоҷикистон равон карданд. Муддати як моҳ дар хона ба худмуолиҷакунӣ машғул шудам, вале ин раванд ба саломатиам  аксуламалӣ баръакс дода, сулфа ва қайкунӣ бо балғами хунолуд пайдо шуд. Ин ҳолатро модарам дида, маро маҷбурӣ ба беморхона овард. Ташхис нишон дод, ки ба бемории сил гирифор шудаам”-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Дар давоми табобат  номбурда ба табъизи сахт рӯ ба рӯ шуд, рафиқону пайвандонаш ҳатто тариқи телефон бо ӯ суҳбат кардан намехостанд. Вале баъзе дӯстонаш ба аёдаташ меомаданду дилбардориаш мекарданд. “Ҳатто баъд аз рухсат шудан аз беморхона баъзе ҳамдеҳагонам аз ман ҳазар карда, аз дур салом медоданду самти ҳаракаташонро дигар мекарданд. Ба онҳо фаҳмондан мушкил буд, ки ман аллакай шахси шифоёфтаам ва  барои атрофиён бехавфам”-мегӯяд Диловар қаҳрамони мо.

 Ба мисли ин қаҳрамони мо кам нестанд, мардоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин ё он беморӣ, алалхусус бемории сил гирифтор мешаванд. Тибқи оморе, ки ахиран Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”, ки дар як ҳамоиш гуфта шуд, шумораи беморони гирифтори сил аз занон дида бештар мардон азият мекашанд.

Дар ин замина Парвина Ғозиева, ки духтури силшиноси ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошад, нақл кард, ки беморони силдошта бештар табъиз ва ангуштнамо мешаванд. Онҳо наметавонанд, ба осонӣ мушкилии оиладоршавиашонро бартараф намоянд.

“Як нафар ҷавонмард ба бемории сил гирифтор шуд ва мо ӯро дарҳол ба табобат фаро гирифтем. Вақте ҳамсояҳо фаҳмиданд, ки ӯ бемор аст, гапҳои зиёду беасос мегуфтанд, ки ҷавонро хеле нороҳат ва руҳафтода мекард. Маҳз доғгузорӣ сабаб шуд, ки натавонист аз деҳа ва ҳатто деҳаҳои атрофаш барояш арусшаванда ёбанд. Ба ӯ аз дигар минтақаи кишвар арӯс пайдо карданд”,-гуфт Парвина Ғозиева.

Гирифторшавии беморони сил дар миёни мардон сабабҳои гуногун дошта, яке аз сабабҳои он муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳо, гирифторшудагон аз бемории сил 4,1 ҳисаи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Паст шудани масуният дар ин ё он нафар бемории сил авҷ мегирад. Аслиддин Раҷабзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ” дар ин маврид ба мо қайд кард, ки омили асосии гирифторшавӣ ба бемории сил дар миёни  мардон ва  занон дар он аст, ки фаъолияти корӣ мардон нисбати занон зиёдтар аст. 

“Масалан, муҳоҷирати меҳнатӣ аст,  ки агар 100 мард ба онҷо равад, шояд дар миёни онҳо 5 зан бошад. Аксари муҳоҷирон шароити хуби ҷои хоб надоранд,  ҳамзамон вақту соати муайян барои истеъмоли ғизоро низ надоранд, сардии ҳаво ва дигар омилҳое вуҷуд дорад, ки сабаби паст шудани масунияти бадан гашта, ба гирифтор шудан ба бемории сил оварда мерасонад. Фоизи гирифторшудаҳо дар миёни мардон аз занон аз 5 то 10 фоизро ташкил мекунад. Масалан агар 100 нафар бемории сил бошад, аз ин ҳисоб 55-60 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд, 40-45 нафарашонро занон ташкил медиҳанд”, -гуфт ҳамсуҳбати мо.

Табъиз яке аз мушкилиҳои дигари беморони сил  аст, ки аз он зиёд азият мекашанд. Барои осон гардонидани марҳилаҳои муоина ва табобат барномаи мобилии махсусеро роҳандозӣ шудааст, ки беморон  метавонанд маълумотҳои заруриро ба даст оварда, аз он ройгон истифода баранд.  

Эҳсон Азамиён, намояндаи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” мегӯяд, барои гирифторони бемории сил Асосиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” барномаи махсусеро барои беҳбудии кори ҳам беморон ва хам табибон роҳандозӣ намудааст, ки дар ҷаҳон аввалин маҳсуб меёбад. Ҳамчунин,  ба воситаи ин барнома бемор метавонад бо духтурони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ҳамсуҳбат гашта, маслиҳату машварат бигиранд ва бо дигар беморони силдошта ҳамсуҳбат шаванд.  Ин барнома  OneImpact Tajikistan ном дорад ва ҳар кас метавонад аз он пурра истифода барад. Ин барнома дорои бахшҳои гуногун аст, ки дар он беморон метавонанд аз маслиҳати равоншинос ва ҳуқуқшинос баҳра бардоранд. Ҳамзамон метавонанд бо дигар беморон мубодилаи афкор кунанд, ки ба манфиаташон хоҳад буд.

Аслиддин Раҷабзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ин самт илова намуд, ки беморшавӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки гирифторшавӣ дар  соли 2007 ( барои он, ки дар соли 2007 тамоми ҷумҳурӣ, ҳамчунин муассисаҳои ислоҳӣ низ ба ин барнома фаро гирифта шуда буданд) сатҳи баландтарин қарор дошт, ки 85,1 ба 100 000 аҳолиро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 40,2 аҳолӣ расидааст, ки  тақрибан 2 баробар коҳиш ёфтааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар кишвар “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ гардида истодааст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки он таъмин намудани дастрасии омма ба ташхиси саривақтӣ ва босифати ҳамаи намудҳои бемории сил мебошад.

Маҳина Давлатова

Саодат Исмоилова

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ
Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт
Семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирии бемории саратон
Чорабинии идона бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт
Аробачаҳои маъюбӣ-воситаи асосии ҳаракати маъюбон
Search