Дар доираи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳияи Спитамен ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта мешаванд

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи “Корвони саломатӣ” ташкил ва баргузор карда мешавад.

Санаи 22-юми феврали соли 2025 бо ташаббуси Раёсати тандурустии вилояти Суғд барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба кӯдакон ва расонидани ёрии амалию методӣ ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Спитамен, гурӯҳи кории мутахассисони муассисаҳои тиббии маркази вилоят ба ноҳияи мазкур сафари корӣ ба анҷом доданд.

Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳияи Спитамен аз ҷониби табибони ботаҷриба, аз ҷумла асабшинос, дилшинос, терапевт, гинеколог, амрози ғадудҳои дарунӣ, гурдаю роҳҳои пешоброн, хун, гастроэнтеролог, неонатолог, ҷарроҳ, осебшиноси кӯдакона, амрози чашм, нутқшинос ва стоматолог ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар рафти ин чорабинии солимгардонӣ мутахассисони соҳа тавонистанд 384 нафар сокинонро ба таври ройгон ташхису муоина намоянд.

Ҳамзамон аз ҷониба мутахассисони соҳа ба сокинони ноҳияи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва тавсияҳо барои табобати бемориҳои гуногун пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ чунин чорабиниҳо метавонанд барои баланд бардоштани малакаи табибон дар минтақаҳо мусоидат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории маъракаи “Корвони саломатӣ” минбаъд низ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search