Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” таҷҳизоти нодири литотрипсияи масофавии мавҷии зарбавӣ ба фаъолият оғоз намуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷҳизоти нодири литотрипсияи масофавии мавҷии зарбавӣ дастрас ва ба фаъолият оғоз намуд.

Дастгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки сангҳои гурда ва роҳҳои пешоби беморон бидуни ҷарроҳӣ ва бистарӣ, бе буриши ҷисм ва ба таври пушида табобат карда мешаванд.

Тавре мутахассисони марказ иттилоъ медиҳанд, қаблан амалиёти ҷарроҳии беморон дар ин ҷо барои ташхису табобати сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб ба таври анъанавӣ, яъне бо буриши ҷисми бемор гузаронида мешуданд.

Дар натиҷа беморон давоми 6-7 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ гашта, вазъи саломатии хешро барқарор мекарданд.

Бо дастрас гардидани таҷҳизоти нодири литотрипсияи масофавии мавҷии зарбавӣ акнун имконият фароҳам оварда шуд, ки беморон баъди ташхису табобат давоми як шабонарӯз ба хонаашон рухсат дода шаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search