Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои ИДМ баргузор гашт

Имрӯз, 03-юми октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гашт, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге, вазирони тандурустии давлатҳои аъзо, аз ҷумла вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Ҷумҳурии Белорус Александр Ходжаев, вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Акмарал Алназарова, вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Чечейбаев Эркин, вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек, муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия Салагай Олег Олегович ва инчунин аъзоёни Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд.

Ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ-ро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистони офтобӣ хайрамақдам гуфт.

Тавре гуфта шуд, дар асоси қарори ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 7-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид ва мутобиқи Низомномаи Шӯро раисии он дар соли ҷорӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни баромад аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва дигар иқдомҳои саривақтии давлату Ҳукумати мамлакат ёдовар шуд.

Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге аснои баромади хеш доир ба ҳамкориҳои ин ташкилоти бонуфӯз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои дар ин самт ба даст омада андешаронӣ намуд.

Сипас, вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Ҷумҳурии Белорус Александр Ходжаев, вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Акмарал Алназарова, вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Чечейбаев Эркин, муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия Салагай Олег Олегович ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Худоёров Асилбек доир ба дастовардҳои кишвари хеш дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахши кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар самтҳо баромад карданд.

Ҳамин тавр, дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) самтҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ дар фазои ИДМ, аз ҷумла барқарорсозии тиббӣ, табобати санаторию курортӣ, инноватсияҳо дар ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва қонунгузории намунавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва дар маҷмӯъ 27 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои иҷрои қарорҳои мақомоти олии ИДМ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштарак, фаъолияти Маҷлиси байнипарлумонии ИДМ оид ба такмили қонунгузории намунавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва таҳияи Нақшаи дурнамои қонунгузории намунавии ИДМ барои солҳои 2026–2028, усулҳои инноватсионӣ дар ёрии аввалияи тиббӣ ва роҳҳои тағйир додани системаи тандурустӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва кори муассисаҳои асосӣ, комиссияҳо ва мақомоти кории ИДМ дар соли 2025, инчунин чорабиниҳои асосии Шӯро барои соли 2026 низ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки қарорҳои қабулшуда барои таҳкими ҳамгироӣ ва рушди устувори низомҳои тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ заминаи боэътимод гузошта, ба беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва касбӣ мусоидат мекунанд.

Бо ҳамин, ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ бо дастовардҳои назаррас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search