Дар шаҳри Душанбе анҷумани IV -уми стоматологони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт

ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ АНҶУМАНИ IV-И СТОМАТОЛОГОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ГАРДИД

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон, муҳокимаи масъалаҳои муҳими соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, имрӯз, 17-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси Ассотсиатсияи стоматологони Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд, ки дар он мутахассисони варзидаи соҳа аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорусия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзиданд.

Нахуст роҳбарияти Ассотсиатсияи стоматологони Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфт.

Қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши стоматология яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, дар кишвар баҳри табобати гирифторони бемориҳои стоматологӣ ва ташхису табобати беморон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар Тоҷикистон имрӯзҳо дар соҳаи стоматология мутахассисони баландихтисос бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ усули нави ташхису табобатро низ дар амал иҷро менамоянд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморон давоми солҳои охир беҳтар гардида истодааст.

Аснои суханронии хеш роҳбарияти ассотсиатсияи мазкур иброз дошт, ки “имрӯз мо дар як ҳамоиши муҳими илмӣ-амалӣ ҷамъ омадаем, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои касбӣ, табодули таҷрибаи пешрафта ва баррасии дастовардҳои навини соҳаи стоматология мебошад. Барои мо боиси сарфарозист, ки дар ин анҷуман мутахассисони варзида, олимони маъруф ва коршиносони сатҳи баланд аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доранд ва ҳузури эшон дар ин чорабинӣ гувоҳи равшани эътимод ва таваҷҷуҳи онҳо ба рушди соҳаи стоматология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад”.

Дар анҷуман гуфта шуд, ки стоматология ҳамчун яке аз бахшҳои муҳим ва ҷудонопазири тибби муосир имрӯз босуръат рушд намуда, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, усулҳои нави ташхис ва табобат, инчунин татбиқи дастовардҳои илмӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидааст. Дар чунин шароит, баргузории анҷуманҳои сатҳи баланд имконият фароҳам меорад, то ки мутахассисони соҳа донишҳои худро мукаммал гардонида, таҷрибаи пешқадамро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш бахшанд.

Бо итминони комил таъкид гардид, ки анҷумани мазкур барои таҳияи пешниҳодҳои созанда, баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, натиҷаҳои он ба пешрафти минбаъдаи стоматология на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ низ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҳамин тавр, дар рафти анҷуман аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи стоматология як қатор маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои дандонпизишкӣ дар давраи пеш аз таваллуд, иллатҳои нафаскашӣ дар кӯдакон, асосҳои анатомӣ ва клиникии имплантатсияи зерпериостеалӣ дар ҳолатҳои атрофияи шадиди раванди алвеолярӣ ва нуқсонҳои ҷоғ, сабабҳои маъмултарини шикоятҳои беморон ба дандонпизишк, татбиқи муосири принсипҳои остеогенези фишурда-парешонӣ дар ҷарроҳии ортогнатикӣ, ҳолати клиникии табобати ҷарроҳии бемор бо синдроми Горлин-Голтс бо истифода аз маҳлули тағйирёфтаи Карной, барқарорсозии ортопедии беморон пас аз ҷарроҳии ҷоғу рӯй, интихоби рафъи дард дар табобати бемориҳои асосии дандонпизишкӣ, таҳлили муқоисавии табобати ортогнатикӣ барои беморон бо деформатсияҳои ҷоғ, таҳияи консепсия барои барқарорсозии ортопедӣ ва дандонпизишкӣ, пешгирӣ ва табобати бемории пародонт дар бемороне, ки табобати ортодонтиро мегузаронанд, равишҳои муосири табобати беморон бо истифода аз имплантатсияҳои дандонпизишкӣ, равиши клиникӣ барои барқарорсозии кӯдаконе, ки нуқсонҳои модарзодии даҳон ва лаб доранд ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон  дар соҳаи тандурустӣ

Вохурӣ бо роҳбари навтаъйини намояндагии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото

Search