Имрӯз, 20-уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми 2-юми байналмилалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ таҳти унвони «Ғизои мактабӣ – сармоягузорӣ ба насли миллати солим» ба кори худ оғоз намуд, ки дар он сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, шарикон оид ба рушд ва доираи васеи мутахассисону коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Зимни форум гуфта шуд, ки ҳифзи саломатии кӯдакон шарти муҳими рушд ва шукуфоии кишвар буда, яке аз шартҳои муҳими ташаккул ва нигоҳдории саломатии кӯдак ғизои ӯ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 инҷониб Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амали намудани ғизои мактабӣ дар кишвар ҳамкорӣ менамояд. Айни ҳол зиёда аз 440 000 мактаббачагон дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияҳо тавассути ин барнома ҳамарӯза хӯроки гарм мегиранд.
Ҳамзамон, дар кишвар айни замон “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 2027” татбиқ гардида, барномаи мазкур ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми самараноки идоракунӣ, модернизатсияи базаи моддӣ-техникии ошхонаҳо, таъмини ғизои мактабии босифат ва мутавозин равона карда шудааст.
Дар ин замина, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ таъсис ёфта, фаъолият менамояд.

Рушди ҳамаҷониба, ҳифзи саломатӣ ва тарбияи насли наврас самтҳои асосии сиёсати давлат дар кишварҳои ИДМ боқӣ монда, ғизои мактабӣ омили муҳими ташаккули тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад. Ин омил ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳои хониш мусоидат намуда, рушди ҷисмонию зеҳнии хонандагонро дастгирӣ мекунад.
Бо дарназардошти аҳамияти ин мавзӯъ, моҳи ноябри соли 2023 дар чаҳорчӯби раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми якуми ғизои мактабӣ дар кишварҳои узви ИДМ “Ғизои мактабӣ самти рушди умумӣ” баргузор гардида буд.
Инчунин бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамгироии фаъол дар бисёр самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми дуюм оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардида истодааст.

Қайд гардид, ки Формуи мазкур натиҷаи талошҳои миллӣ дар соҳаи таъмини ғизои кӯдакон, муаррифии таҷрибаҳои беҳтарин, таҷрибаи кор бо волидон, лоиҳаҳо оид ба тарғиби ғизои солим дар байни аҳолии Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаро намоиш хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки форуми мазкур то 22 ноябри соли равон ба кори худ идома хоҳад дод.


