Дар шаҳри Душанбе раванди ислоҳоти тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ шуд

19-уми декабри соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба арзёбии татбиқи Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир гашт, ки дар кори он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ намояндагон аз вазорату идораҳои соҳавӣ ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа раванди феълии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, натиҷаҳои арзёбии нишондодҳои (индикаторҳои) калидии Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и Стратегияи мазкур, масъалаҳои ҳамоҳангии байниидоравӣ ва вазифаҳои афзалиятдошта дар марҳилаи ояндаи татбиқи онро баррасӣ намуданд.

“Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки соли 2021 тасдиқ шудааст, ба ташаккули низоми тандурустии одилона, устувор ва ба талаботи аҳолӣ равона шуда, инчунин ба ноилшавӣ ба фарогирии куллии хизматрасониҳои тиббӣ нигаронида шудааст. Ҷиҳати татбиқи он, соли 2024 Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026 тасдиқ шуд, ки василаи асосии амалии табдили бахши тандурустӣ мебошад.

Дар ин замина, гуфта шуд, ки натиҷаи муҳими марҳилаи кунунӣ таҳияи қолаби арзёбии Нақшаи амал ва омода намудани ҳисоботи якуми марҳилавӣ оид ба раванди татбиқи он мебошад. Ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Шуъбаи таҳлили тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Механизми глобалии маблағгузорӣ оид ба солимии занон, кўдакон ва наврасон (GFF) омода шудаанд. Ин амал имконият фароҳам овард, ки баҳодиҳии бонизоми пешбурди ислоҳот таъмин гардида, шаффофияти қарорҳои идорӣ баланд бардошта шаванд.

Бояд гуфт, ки рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) афзалияти калидии ин нақша боқӣ монда, корҳо оид ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои КАТС ба охир расидаву таҷҳизонидани инфрасохтор беҳтар шуда, барномаҳои омода намудани кормандони тиббӣ татбиқ гардиданд ва дастурҳои клиникии таҷдиди назаршуда дар амалия ворид шуданд.

Дар бахши маблағгузории устувор бошад, таҳлили фазои молиявии тандурустӣ анҷом ёфта, Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Гурӯҳи байниидоравӣ оид ба институтсионализатсияи ҳисобҳои миллии тандурустӣ ташкил ва инчунин лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба механизмҳои нави маблағгузории КАТС дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.

Дар баробари ин, заминаи табдили рақамии низоми тандурустӣ, аз ҷумла коркарди тарҳи Низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ (НИИТ) ва рушди сервисҳои рақамӣ дар пойгоҳи Tandurusti.tj ташаккул ёфта истодааст.

Дар фарҷоми ҷаласа иштирокдорони он зарурати таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва гузаштан аз омодагии таҳлилӣ ба роҳандозии амалии ислоҳотро, ки ба беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббии ба аҳолӣ нигаронидашуда таъкид намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Search