Дар вилояти Хатлон оид ба модаршавии бехавф семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак, тақвияти донишу малакаи табибон ва пешгирии фавт бо ташаббуси Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бури Воҳидови вилояти мазкур дар мавзуи “Модаршавии бехавф” семинар-машварати омӯзишӣ баргузор карда шуд.

Дар семинари мазкур мудирони шуъбаҳои таввалудӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва акушер-генекологҳо иштирок намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар вилояти Хатлон барои хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар вилоят ду маркази перениталӣ-Беморхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” фаъолият менамоянд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаҳои таваллудии беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Вахш, Ёвон, Восеъ, Темурмалик ва Ҷалолиддин Балхӣ азнавсозӣ ва бо таҳҷизоту лавозимоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.

Дар рафти семинари мазкур бори дигар ба иштирокчиён вобаста ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии фавт, модаршавии бехавф ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа маълумот ва тавсияҳои муфид дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译