Дастгирии табақаҳои ниёзманд-дар маркази таваҷҷуҳ

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби роҳбарияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ пайваста тадбирҳои муҳиму муассир амалӣ карда мешаванд.

Махсусан, аз ҷониби роҳбарияти озмоишгоҳ ҷиҳати дастрасии табақаҳои ниёзманд, аз қабили маъюбону камбизоатон тибқи тартиби муқарраргардида чораҳои лозима амалӣ мегарданд.

Бо ин мақса давоми 11 моҳи соли 2025 барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз тарафи муассиса дар умум ба 1730 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон 6514 ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст.

Ҳамзамон, дар ин давра тибқи супориш дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2025 сол, №108 ба бошандагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” 187 ташхиси умумии хун, 137 ташхиси умумии пешоб, 96 ташхиси умумии фазла низ ба тариқи ройгон гузаронида шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search