Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

(Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Истиқлолият рамзи музаффарияти миллӣ ва омили муҳими давлатдории сиёсии тоҷикон дар арсаи таърихи тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва умумимиллӣ дар фазои сулҳу субот ва рушди бомайлони иқтисодию иҷтимоии кишвари мо далели сиёсати хирадмандона, созанда ва сулҳҷӯёнаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре ки маълум аст, давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус ташаббусҳо ва иқдомоти пайвастаи ин абармарди таърих тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва самтҳои гуногуни он рушду нуму намудаанд. Бояд тазаккур кард, ки дар ин давра сиёсати иҷтимоии давлат баробари дигар соҳаҳои халқ мавқеи худро мустаҳкам намуда, барои таъмини некуаҳволии мардум ва рушди босуботи самтҳои алоқаманди он, ба монанди танзими муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, хизматрасонӣ ба аҳолии ниёзманд, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа дар давоми 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хосатан дастгирии иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар ин давра дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи суханрониҳояшон, баромаду маърӯзаҳо дар ин мавзӯъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Чунончи, дар Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16 декабри соли 2025 бори дигар изҳор намуданд, ки “ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва тадбирҳои солҳои охир амалигардида ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд”. Илова бар ин, Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки “фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад”. Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад.Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат баромад карда, мақсад ва вазифаҳои он пеш аз ҳама ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ноил шудан ба ин мақсадҳо суботи ҷамъият ва некуаҳволии мардуми кишварро муҳайё хоҳад кард. Дар  даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон  дастовардҳои назаррасе ба даст оварда шудаанд.Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ тамоми шаҳрвандон, новобаста аз синну сол ва ҷинсият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаро гирифта шуда, ба ҳар як қишри аҳолӣ дар қонунгузории амалкунанда кафолатҳои муайяни иҷтимоӣ пешбинӣ карда шудаанд. Ноил шудан ба ҳадафҳои ҳифзи иҷтимоӣ суботи ҷамъият ва сатҳи зиндагии шоистаро барои шаҳрвандон муҳайё хоҳад кард.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардида, доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ ва  дастрасии шаҳрвандон ба ин хизматрасониҳо ба маротиб афзудааст, ки ин далели тақвияти фаъолият дар ин самт ва эътимоди рӯзафзуни ниёзмандон ба сиёсати иҷтимоии давлат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти давлатӣ дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия, ҳамоҳангӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус таъминоти кафолатҳои иҷтимоии давлатии маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯдакони ятиму бесарпараст ва оилаҳои камбизоат мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида, бо мақсади иҷрои қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ваколатдор буда, вобаста ба вазифаву ӯҳдадориҳои худ сохторҳои дахлдори худро дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дорад.

Яке аз дастовардҳо ё муваффақиятҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз замони Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз – аз он иборат аст, ки дар тӯли ин давра пойгоҳи таъминоти ҳуқуқии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз нав ташаккул ёфта, мураттаб гардида, ҳамзамон санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ, аз қабили қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷимоии маъюбон”, Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Дар бораи собиқадорон», «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»,  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд”, “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” ва ғайраҳо таҳия ва қабул карда шудаанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, пиронсолони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятиму бесаробонмонда ва монанди инҳо имтиёз ва кафолатҳои муайянеро пешбинӣ намудааст, ки ин имтиёзҳо ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо таъсири мусбат мерасонанд, аз ҷумла:

– табобати санаторию курортии имтиёзнок;

– таълиму тарбияи имтиёзнок дар муассисаҳои таълимии давлатӣ;

– ба тариқи ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятӣ;

– дар ҳаҷми 50 фоиз пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналӣ;

– пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ;

– хизматрасонии тиббии имтиёзнок дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва ғайраҳо.

Дар баробари ин, тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ дар иртибот ба масоили таъминоти ҳуқуқии иҷтимоии шаҳрвандон даҳҳо амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, мавриди амал қарор дода, имрӯзҳо бо маром амалӣ шуда истодаанд.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки на танҳо Конститутсияи  мо давлати иҷтимоӣ будани онро эълон доштааст, балки ин сиёсат, дар сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат  ҳамчун як хати сурх, ҳамчун як афзалияти муҳим, муайян гардида, бо маром амалӣ шуда истодааст. Вақте ки Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, яке аз аввалин фармонҳое, ки ба ҳайси Президенти кишвар қабул намуданд ва он дар таърихи иҷтимоии кишвар ҳамчун фармони №1 ном гирифтааст,  ин фармон дар бораи тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ветеранҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда буд.

Солҳои 2013-2020 марҳилаи навбатии рушду такомули раванди ислоҳоти самтҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин давра низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ инкишофи тоза касб намуда, сатҳу сифати фаъолияти ташкилоту муассисаҳои он беҳтар гардидаанд. Соли 2013 бо мақсади ташаккули низоми нисбатан нави идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат сохтори нави мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 тасдиқ гардид.

Тибқи муқаррароти фармони мазкур Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд. Ҳамзамон, вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешаванд. Дар баробари ин, ба амсоли сохтори собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сохтори Вазорати навтаъсиси тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ сохтори нав бо номи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчун сохтори татбиқкунандаи сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ аз 4 марти соли 2014 таъсис дода шуд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ин ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад, ки дар ин давра ба маротиб тақвият бахшида шуда, фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатии алоқаманд бо майлон тарақӣ кардааст. Пешвои миллат зимни суханрониашон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои тандурустӣ 18 августи соли 2020 баён доштанд, ки “дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад. То соли 1991 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ 54 ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекарданд ва тайи 29 соли сипаригардида шумораи онҳо ба 105 муассиса расонида шудааст”, ки 3,5 маротиба зиёд мебошад.  Дар замони Истиқлолияти давлатӣ шаклҳои муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз 3 ба 9 намуд, номгӯйи хизматҳои иҷтимоӣ аз 6 ба 40 намуд ва категорияҳои истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ аз 6 ба зиёда аз 23 гурӯҳ расонида шуданд.

Айни замон дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 7 муассисаҳои давлатии шакли хона-интернат (соли 1991-4 адад), 3 маркази тавонбахшӣ барои маъюбон, аз ҷумла кӯдакони маъюб (соли 1991 ҳамагӣ 1 адад), 45 марказҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 6 марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон (соли 1991 – 1 адад), 57 марказҳои будубоши рӯзона оид ба расонидани тавонбахшӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ҷумла маъюбон ташкил гардида, фаъолият карда истодаанд (соли 1991 чунин марказҳо набуданд). Ғайр аз ин, дар номгӯи муассисаҳои системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як осоишгоҳ ва се истироҳатгоҳи дигар низ ба таври мавсимӣ фаъолият намуда, маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд (соли 1991 ҳамагӣ 1 адад – истироҳатгоҳи Ромит амал мекард).

Чунончи, соли 1991 дар пойгоҳи хонаи кӯдакони маъюби шаҳри Душанбе Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ташкил карда мешавад. Ин марказ барои хизматрасонӣ дар шакли будубоши рӯзона бо фарогирии 100 нафар ниёзмандон ва дорои статсионар бо 25 кат/ҷой барои будубоши муваққатӣ мебошад. Марказ бо 34 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе маблағгузорӣ гардида, дар соли 2026 ҳаҷми он 4021701,00 сомонӣ мебошад.

Хонаи кӯдакони маъюби шаҳри Душанбе ба Хона-интернати кӯдакони ноқисулақл барои 100 нафар табдил дода шуда, дар бинои собиқ боғчаи кӯдаконаи воқеъ дар кӯчаи Шевченко, 65 ҷойгир карда мешавад. Баъдан соли 2001 бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хона-интернати кӯдакони ноқисулақли шаҳри Душанбе ба муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» табдил дода шуда, аз шаҳри Душанбе ба ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба бинои нав кӯчонида мешавад.

   Маҳз дар даврони истиқлолият (соли 2001-ум) бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат МД “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб  “Чорбоғ”  дар ноҳияи Варзоб” дар бинои ба талаботи замон ҷавобгӯ ҷойгир кунонида шуда, шаклу усулҳои нави хизматҳои иҷтимоӣ барои таъмини нигоҳубин ва тавонбахшии кӯдакони маъюб ҷорӣ карда шуда, иқтидори муассиса васеъ ва заминаи моддию техникии он таҳким гардидааст. Ба муассисаи мазкур то 200 нафар кӯдакони маъюб ба нигоҳубини давлатӣ то ба синни 18-солагӣ расидан ва солона то 600 нафар кӯдакони маъюб бо модаронашон ба тавонбахшӣ (давомнокии даври хизматрасонии тибию иҷтимоӣ 21-рӯзро ташкил медиҳад) фаро гирифта мешаванд. Дар Маркази мазкур 229 нафар кормандон фаъолият карда, дар соли 2026 маблағгузории он 21 356 574,00 сомониро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ маблағгузории муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамасола зиёд гардида истодааст. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда заминаи моддию техникии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ хубтар гардида, шароити нигаҳдории пиронсолон ва маъюбон дар муассисаҳои болозикр беҳтар гардидааст. Ҳоло таҷдиди фаъолияти  хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва маъюбони бемориҳои рӯҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ёвон ва Ҷаббор Расулов идома дорад.

Соли 2010 сохтмони “Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон” оғоз гардида, соли 2012 як бинои он барои фарогирии 10 нафар кӯдакони маъюб ба истифода дода шуда, соли 2018 корҳои сохтмонӣ дар ду бинои дигар ба анҷом расонида шуда, дар умум 70 кат/ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта,  тибқи нақшаи корӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар сурати пурра ба истифода додани Марказ имкон ба вуҷуд меояд, ки шумораи истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бештар ва шароити тавонбахшии маъюбон, ба хусус кӯдакони маъюб хубтар гардида, ҳамзамон бо ин, ниёзмандон аз дигар давлатҳо ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд. Зеро он нахустин маркази байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Тавре ки цайд гардид,  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҷараёни ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавонбахшии кӯдакони осебпазир ҳамасола таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Тавассути фармоиши иҷтимоии давлатӣ  бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ аз соли 2008 ин ҷониб марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони дорои маъюбият, пиронсолону маъюбон, ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, қурбониёни савдои одамон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ташкил гардида, фаъолияти онҳо идома дорад. Воситаҳои молиявии барои ташкил ва пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ тавассути фармоиши иҷтимоии давлатӣ пешбинишуда аз 2 млн. сомонии соли 2008 ба 25 млн сомонӣ дар соли 2026 расидааст. Айни замон 57 марказ ташкил гардида, фаъолият карда истодаанд.

Мақсади асосии ин марказҳо – хизматрасонӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо роҳи пешниҳод кардани тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ва таъмини рушду инкишофи малакаҳои иҷтимоӣ  ва омӯзиши фаъолияти мустақилона (абилитатсия), инчунин бо волидайни онҳо омӯзонидани хусусиятҳои махсуси тарбия бо чунин кӯдакони озебпазири ҷомеъа маҳсуб меёбад.

Дар ин давра зиёда аз 10 номгӯй Таснифот ва стандартҳои категорияҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои гуногуни осебпазири аҳолӣ ва “Кейс-менеҷмент: технологияи роҳнамоии инфиродии истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ” таҳия, қабул ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар баробари таъминоти доимии заминаи моддию техникии муассисаҳои статсионарии соҳа (хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва беморони рӯҳӣ) ба масъалаи таъмиру таҷдиди онҳо низ эътибор дода мешавад.

Дар ин асно, мавриди зикр аст, ки  дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Шабакаи миллии тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал роҳандозӣ гардид. Аксар ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллии дар самти тавонбахшии маъюбон фаъолияткунанда ба ин шабака аъзо мебошанд. Шабака ба рушди барномаи мазкур ва фарогирии бештари маъюбон, аз ҷумла кӯдакон ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷоти маъюбон ва пиронсолони барҷомондаро ба хизматрасониҳои маҷмуавии иҷтимоӣ ба назар гирифта, бо мақсади дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба онҳо дар 45 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шуъбаҳо (ва дар баъзе шаҳру ноҳияҳо – марказҳои) хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаро таъсис додааст. Шӯъбаҳои мазкур соли 1989 ба таври таҷрибавӣ дар асоси қарори Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ (СССР) таъсис ёфта, то соли 1993 дар ҳайати шуъбаҳои таъминоти сотсиалии (собесҳои) баъзе шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекарданд.

Соли 1993 баъди азнавсозии сохтори таъминоти сотсиалии кишвар ва ба Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табдил ёфтани Вазорати таъминоти сотсиалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳои ёрии иҷтимоӣ дар хона аз ҳайати шуъбаҳои таъминоти сотсиалӣ (собесҳо) бароварда шуда, шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо тағйир ёфта, онҳо ба таври мустақил то имрӯз дар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият карда истодаанд.

Марказҳои мазкур ба хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-равонӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ-тиббии пиронсолону маъюбони ниёзманд машғул буда, маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон дар доираи имкониятҳои воқеии буҷетҳои маҳаллӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин шуъбаҳо (марказҳо) сол ба сол зиёд гардида, давоми 10 соли охир барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти онҳо маблағи 37,4 млн сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2016 маблағи 11,6 млн. сомонӣ, соли 2017 маблағи 12,2 млн. сомонӣ ва дар соли 2018 маблағи 13,6 млн. сомонӣ,  соли 2019 маблағи 15,6 млн. сомонӣ равона карда шудааст. Дар буҷети соли 2026 бошад бо ин мақсад зиёда аз 25 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд” аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба шахсони зарадида ва кӯдакони маъюби онҳо ҷубронпулӣ барои хариди роҳхат ба истироҳатгоҳ ва осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми арзиши миёнаи роҳхатҳо пардохт карда мешавад. Дар соли 2025 бо ин мақсад дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағи 24,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузории он дар ҳаҷми 95,4 фоизи нақшаи солона таъмин карда шуд. Шумораи гирандагони ҷубронпулиҳо 3764 нафарро ташкил медиҳад.

Солҳои охир дар соҳаҳои иҷтимоӣ бо мақсади дастрасии кумакпулӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳое, ки дар ҳақиқат ба дастгирии иҷтимоии давлат ниёз доранд, як қатор корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Дар ҷумҳурӣ  аз соли 2004 инҷониб дар доираи татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон механизмҳо ё шаклҳои зерини пардохтҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мавриди амал қарор доштанд:

1) Кумакпулӣ ба хонандагони синфҳои 1-9 аз оилаҳои камбизоат, ки дар мактабҳои таҳсилотӣ умумӣ таҳсил мекарданд;

2) Ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ;

3) Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

Низоми таъин ва пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар синфҳои 1-9 таҳсил менамоянд, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, №244 «Дар бораи пардохти кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» ҷорӣ карда шудааст. Дар давоми 6 соли охир ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактаб­ҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, 23,5 миллион сомониро ташкил намуда, ба 753 263  хонан­да пардохт гардидааст.

Низоми ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №379 «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” амалӣ карда мешавад. Аз давраи амали қарори мазкур то 1 июли соли 2020 ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, 131 миллион сомониро ташкил намуда, ба 684920  оилаҳои камбизоат таъин ва пардохт карда шудааст.

Яке аз шаклҳои муосири дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҷорӣ намудани низоми нави таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва  шаҳрвандони камбизоат мебошад. Дар марҳилаи якум, механизми мазкур ба таври таҷрибавӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №586 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон» аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шуд. Ҳангоми интихоби оилаҳои камбизоат ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ арзёбии некуаҳволии хонаводаҳо анҷом дода, ҳамзамон ба оилаҳое, ки дар онҳо маъюбон умр ба сар мебаранд, бартарӣ дода мешавад.

  Дар марҳилаи дуюм, аз 1 январи соли 2013 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  20 ноябри соли 2012, №661 “Дар бораи  идомаи  татбиқи механизми таҷрибавии расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва  шаҳрвандони камбизоат” дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шуд. Дар марҳилаи сеюм, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар 25 шаҳру ноҳия ҷорӣ гардид. Дар марҳилаи  чорум, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1  октябри  соли 2016, №  416  “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437” механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат 40 шаҳру ноҳияҳоро дарбар гирифта,  ба 77969 оилаи камбизоат ба маблағи 21,6 миллион сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт карда шуд.

  Бо дар назар доштани таҷрибаи андухташудаи мусбат тибқи супориши Президенти мамлакат Механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бар ивази ду механизми қаблан амалкунанда: кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ давра ба давра ҷорӣ гардида, механизми мазкур аз 1 июли соли 2020  дар ҳамаи шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ паҳн карда шудаааст. Ниҳоятан, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки  тибқи он аз 1 июли соли 2020 кумакпулии унвонии  иҷтимоӣ  дар 68 шаҳру ноҳияҳои ба механизми мазкур амалӣ гардида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки бо ҷорӣ намудани механизми мазкур ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, айни замон 149 нафар корманд нозир-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар  68 шаҳру ноҳияҳо ва 56 нафар кормандони марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозӣ дар самти амалисозии барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ фаъолият намуда истодаанд.  Ҳамчунин, бо амалӣ гардидани механизми кӯмаки  унвонии иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо боиси ташкили 351 ҷойи кории нав гардид.

Бо мақсади мутамарказ гардонидани вазифаҳои воридкунӣ ва коркарди маълумот, мониторинг ва баҳодиҳии раванди таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ  дар шаҳрҳои Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Душанбе марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ таъсис дода шуда, аз моҳи январи соли 2017 ба фаъолият оғоз намуданд. Аз моҳи  феврали соли 2020 бошад, марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва ноҳияи Рашт ба фаъолият шурӯъ карданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025, №699 марказҳои мазкур ба муассисаҳои давлатӣ табдил дода шуда, ба номгӯйи муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шуданд.

 Дар айни ҳол, мувофиқи Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат андозаи кӯмакпулӣ барои як оила (шаҳрванд) дар як сол 858 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 214,50 сомонӣ пардохт карда мешавад. Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2026 ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсад 299 638 640,00 сомонӣ пешбинӣ шуда, зиёда аз 212088 оилаи камбизоат фаро гирифта мешаванд. Ҳамин тавр, тибқи низоми мазкур аз соли 2011 то 2026-ум дар маҷмуъ, ба 1 800 943  оилаҳои камбизоат  1 008 155 809 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардидааст.

Бо мақсади такмил ва дақиқ намудани маълумотҳо оид ба категорияи шахсони имтиёздор, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифода мебаранд ва аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд бо нишондоди гурӯҳҳо ва минтақаҳо  маълумоти оморӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ҷадвали ҷамъбастӣ тартиб дода шуда, айни замон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумкҳои унвонии иҷимоӣ” дар ҷумҳурӣ Феҳристи миллии иттилоотӣ ё худ Махзани ягонаи электорнии иттилоотӣ доир ба ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шудааст. Низоми иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) дар ҳама шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷорӣ карда шуда, тавассути он маълумоти шаҳрвандон тариқи шабакаи интернетӣ ба махзани ягонаи маълумот ворид ва коркард шуда, ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ таъмин карда мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки таъминоти нафақа ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ яке аз ӯҳдадориҳои асосии давлат ба шумор меравад. Аз ин ҷо аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати нафақахӯрон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки “бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд”. Дар паёми навбатиашон Президенти мамлакат аз 16 декабри соли 2025 дар ин самт таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд чораҳои судманд андешида шаванд.

Ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд”.

Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа тайи чанд соли охир нафақаи шаҳрвандони маъюби то синни 18 – сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранда, ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шуд. Тадбири мазкур имкон дод, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар маъюбони нафақагир беҳтар гардад. Дар ин асно, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар бо ташаббуси Сарвари давлат аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шудаанд. Ҷиҳати амалӣ гардидани ин ғамхории роҳбари давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амаликунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” таҳия гардида аз 4 августи соли 2020 таҳти №1580 ба тасдиқ расид, ки он руҳияи кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақахуронро, ба хусус маъюбонро хеле баланд гардонида, татбиқи фармони мазкур боиси беҳтар гардиданӣ сатҳи зиндагии онҳо гардид.

Ташаббусҳои инсонпарварона ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам эмомалӣ Раҳмон солҳои минбаъда ба ҳукми анъана даромада, дар паёми навбатиашон супориш доданд, ки “бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд. 

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои маъюбӣ низ самтим асосиро ташкил намуда, таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта, татбиқи имтиёзу кафолатҳои дар қонунгузории амалкунанда пешбинишуда дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар даврони истиқлолият ба масъалаҳои саривақт таъмин намудани шахсони имконияташон маҳдуд бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулоти протезию ортопедии ватанӣ ва тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе ва филиалҳои он аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар ин самт як қатор комёбиҳо ба даст оварда шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ягона Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ фаъолият менамояд, ки дар он 112 нафар коргар кор мекунанд, ки аксарияти онҳоро маъюбон ташкил медиҳанд. Корхонаи мазкур асосан соли 1969 таъсис дода шуда, муассисаи сохтории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Соли 1996 заводи мазкур бо маблағгузории вазорат пурра азнавсозӣ гардида, Оиннома ва басти вазифаҳои он аз нав тасдиқ шудааст. Дар айни замон корхона ба истеҳсоли маҳсулоти протезию ортопедӣ ва таъминоти аҳолии кишвар ба воситаҳои тавонбахшии маъюбон машғул мебошад.

Корхона тадриҷан бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он соли 2015 коргоҳи нави истеҳсоли роҳравакҳо (ходунок) ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин, соли 2017 бо ҷалби шарикони рушд, аз ҷумла Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд, соли 2018 филиали шаҳри Кӯлоб ва соли 2023 филиали шаҳри Хоруғ пурра бозсозӣ гардида, баъд аз таъмири капиталӣ бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

  Ҳамзамон, дар ин замина ба тайёр намудани мутахассисони техникӣ ва соҳибкасб аҳамияти калон дода шуда, 6 нафар дар Арманистон, 6 нафар дар кишвари Ветнам ва 4 нафар дар Ҳиндустон аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ тайёр карда шуданд. Дар баробари ин, бо ҷалби мушовирон ва коршиносони байналмилалӣ дар ҳудуди корхона мунтазам тренингҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисос доир гардида, савия ва малакаҳои корию касбии коркунони завод беҳтар карда шудааст.

 Дар замони паҳншавии бемории коронавируси COVID – 19  завод бо мақсади таъмини муассисаҳои тиббӣ бо воситаҳои зарурии пешгирикунанда ва табобаткунанда истеҳсоли либосҳои муҳофизатӣ, ниқоб, айнак ва таҷҳизоти нармкунандаи оксигенро (дастгоҳи Бобровро) ба роҳ монд. Аз ин бармеояд, ки Корхонаи мазкур иқтидори истеҳсол кардани таҷҳизотҳои зарурии тиббию иҷтимоиро доро мебошад. Дар сурати таҷдиди завод, имконияти афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба даст хоҳад омад.

Масъалаҳои марбут ба муайян намудани маъюбии шаҳрвандон, муддати дароз ё доимӣ гум кардани қобилияти меҳнатӣ, муқаррар намудани гурӯҳ ва сабабҳои маъюбӣ, ва дар маҷмуъ гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии шаҳрвандон дар даврони истиқлолият бо маром ташаккул ёфта, рушди минбаъдаи бо майлони он роҳандозӣ гардидааст. Дар ин самт фаъолияти Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ равона гардида, шурӯъ аз соли 2008 марҳилаи навбатии ислоҳоти соҳаи мазкур оғоз шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601 Низомнома ва сохтори хадамот аз нав тасдиқ карда мешавад.

Аз соли 2014, ки хадамот ба тобеияти Вазорати навтаъсиси тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, тамоюли маъюбшавӣ таҳти таҳқиқотҳои илмию амалӣ қарор гирифта, сатҳи маъюбшавӣ дар ҷумҳурӣ баъди гузаронидани ҷараёни солимгардонии  маъюбон пай дар пай сифатан беҳтару хубтар ба роҳ монда шудааст. Масалан, соли 2014 шумораи аҳолӣ 8,253000 нафар ва маъюбон 167881 нафарро (2,0%) ташкил медоданд, ин нишондиҳанда дар соли 2019, ки  шумораи аҳолӣ 9,372362 (нисбат ба соли 2014 – 1119362 нафар зиёд) буд, теъдоди маъюбон 149704 нафарро (1,6%) дар бар гирифтааст. Ба ҳолати 1 июли соли 2021 шумораи умумии маъюбон дар ҷумҳурӣ 157372 нафарро ташкил медод. Аз ин шумора калонсолон 126220 нафар ва кӯдакони синни то 18 сола 31152 нафарро ташкил менамояд.

Дар даврони истиқлолият ҷиҳати ба низом даровардани масъалаҳои таъини маъюбӣ ба кӯдакони синни то 18-сола мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, №394 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри  соли 2008, №601 «Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ»» муқаррар намудани категрияи «Кӯдаки маъюб» ба зиммаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ вогузор карда шудааст. Дар баробари ин дастовард маврид ба зикр аст, ки бинобар пешбинӣ ва ҷудо нагардидани воҳидҳои корӣ барои қабули кӯдакони маъюб, дар фаъолияти  мутахассисони соҳа мушкилот ҷой дорад.   

Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №452 бо мақсади таҳия ва ташаккули махзани иттилоот оид ба маъюбӣ ва мусоидат ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии бақайдгирии маъюбон дар феҳристи ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар назди Хадамот Гурӯҳи таҳлилию техникӣ оид ба ташаккул додани махзани иттилоотии маъюбон таъсис дода шуд. Аз тарафи гурӯҳи кории мазкур то 1 июли соли 2021 ба Махзани ягонаи электронии  иттилоотӣ оид ба маъюбон маълумотҳои 168669 нафар маъюбони нафақагир  коркард ва ба  махзан ворид карда шудаанд. Аз ин шумора 133437 нафарро маъюбони  калонсолон ва 35232 нафарро кӯдакони маъюби синни то 18 сола ташкил доданд. Теъдоди шахсони маъюбиатдошта, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба 172538  нафар  расидааст, ки аз ин шумора гурӯҳи I- 18422 нафар, гурӯҳи II- 85221 нафар, гурӯҳи III- 33514 нафар ва кӯдакони синни то 18 -35381 нафарро ташкил менамоянд.

       Яке аз дастовардҳои муҳими соҳа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба баргузор шудани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон дар санаи 18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе мебошад. Дар кори форуми мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Ташкилоту умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ ва даҳҳо намояндагони дигари шарикони рушд иштирок варзиданд. Дар маҷмӯъ дар чорабинии мазкур 150 нафар вакил аз вазорату идораҳо, ташкилоту муасисаҳои марбутаи соҳавӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон, ношунавоёну нобиноён ва ғайраҳо  иштирок карданд.

Дар фарҷоми кори форуми байналмилалӣ иштирокчиёни он лоиҳаи Изҳороти Душанберо оид ба рушди минбаъдаи соҳаи марбут ба масъалаҳои маъюбӣ таҳия ва қабул намуданд.

 Дар даврони истиқлолият корҳои илмию тадқиқотӣ ва илмии техникӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нисбатан ривоҷ ёфта, даҳҳо ходимони илмӣ ва олимону мутахассисони соҳавӣ дар ин самт фаъолият бурда истодаанд. Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат дар вохӯриашон бо кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолӣ 18 августи соли ҷорӣ хотирнишон сохтанд, ки “дар низоми таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳанӯз ҳам масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, меҳнат ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав бояд ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо оид ба тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соҳа чораҷӯӣ намоянд”.

 Дар айни замон дар кишвар асосан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як кафедраи “Кори иҷтимоӣ” ба тайёр кардани кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият карда истода, ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев низ аз рӯи равияи кори иҷимоӣ тайёрии касбӣ ба роҳ монда шудааст. Ин албатта басанда набуда, зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар масъалаи мазкур роҳи ҳалли худро ёбад.

Ба ҳар сурат, гуфтан ҷоиз аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ аввалин бор дар таърихи навини Тоҷикистон аввалин муассисаи илмию тадқиқотии марбут ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шудааст. Соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар назди собиқ Вазорати таъминоти сотсиалии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Институти илмию тадқиқотии экспертиза ва барқарорсозии қобилияти меҳнатии маъюбон» бо статсионар барои 60 кат/ҷой таъсис дода, дар соли 1993 муассисаи мазкур ба «Пажӯҳишгоҳи экспертиза ва барқарорсозии қобилияти меҳнатии маъюбон» табдил дода, соли 2014 ҳамчун Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» асосан – ин тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, омӯзиши бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни гурӯҳҳои осебпазир, самаранокии назорати диспансерӣ, солимгардонии беморону маъюбон, ба низом овардани кори комиссияҳои машваратӣ табибии муассисаҳои тиббию профилактикӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ба шумор меравад. Дар ин давра муассиса баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ва паст намудани хуруҷи бемориҳои асосии ҷанбаи иҷтимоидошта фаъолияти ҳамарӯзаи худро равона сохта, тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдуд, беморону ниёзмандонро бо имкониятҳои мавҷуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифтааст.

 Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ имкон доданд, ки  пажӯҳишгоҳ бо дар назардошти эҳтиёҷоти соҳа ба касбомӯзӣ ба фаъолияти таълимӣ оғоз намуда, дар назди муассиса кафедраи тавонбахшии тиббию иҷтимоии МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ташкил карда шуда, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни кафедраи кори иҷтимоии МДТ «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» замина муҳайё гардад. Соли 2019 бошад, ҷиҳати ҳамкориҳои илмию амалӣ пажӯҳишгоҳ бо МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида аст.Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 таъсис додани Институти илмию тадқиқотии масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбини карда шудааст.

Фаъолият дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ ва баъдидипломии касбии тиббӣ дар самтҳои экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон бо мӯҳлати таҳсил 1 моҳ, кори ҳамширагӣ дар экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон (такмили ихтисос барои кормандони миёнаи тиббӣ) бо мӯҳлати таҳсил 16 рӯзи тақвимӣ ва кори иҷтимоӣ (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ) бо мӯҳлати таҳсил 16 рӯзи тақвимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои дар боло номаршуда зиёда аз 120 нафар табибону кормандони миёна ва зиёда аз 200 нафар кормандони иҷтимоӣ бо таълим фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ тибқи талаботи Комиссияи олии аттестатсионӣ бо мақсади ба роҳ мондани докторантура (PhD) ба тахассуси «Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ» барномаи таълимӣ таҳия ва тибқи муқаррарот аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Пешбурди корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ, мустаҳкамсозии тавонбахшии маъюбон бо корҳои илман асоснокшуда, баланд бардоштани иқтидори зеҳнии мутахассисони соҳа ва амсоли ин барин корҳо самти муҳими пажӯҳишгоҳ маҳсуб меёбад.

Давоми 7 соли охир олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар доираи мавзӯи фармоишии “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самаранокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2019” фаъолият намуда, ҳисоботи пурраи он ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва “Маркази миллии патенту иттилоот”-и  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар айни замон фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассиса дар доираи мавзӯи фармоишии “Роҳҳои беҳтаргардонии системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” ҷараён дошта, ҳамзамон ба Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ мавзӯъи фармоишӣ барои солҳои 2021-2025 «Баҳодиҳии масъалаҳои  пиршавии аҳолии Тоҷикистон,  мушкилиҳо ва роҳҳои  ҳалли он» пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади таъмини масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташаккулу тақвият бахшидани корҳои методӣ – таълимӣ дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2014 дар кишвар муассисаи нави таълимию инноватсионӣ – “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсионӣ” таъсис дода шуда, ҳамасола то 180 нафар кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд. Дар муассиса 41 нафар  фаъолият намуда истодаанд.

Шумораи  муассисаҳои ҷумҳуриявии соҳа афзоиш ёфта, нахустин Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ҳамзамон муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила”, “Маркази иттилоотию таҳлили низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, “Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон” ва “Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Кушониён” таъсис ёфтанд.

Ҳамин тавр, соҳаи ҳифзи иҷимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфта бо маром рушд карда истода, метавон гуфт, ки он самараи истиқлолият мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ пайваста таъкид менамоянд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон дар оянда низ барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Зеро ин соҳа, яъне ғамхории доимӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад”.

Қудратулло Қурбонзода,

аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search