ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта,  имрӯзҳо табибони мамлакат бо истифода аз шароит ва имконоти мусоиди фароҳамгардида дар соҳаи тибби кишвар  усулҳои нави ҷарроҳиро дар амал иҷро  менамоянд.

Дар давоми беш аз як сол, ки амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ барои гирифторони бемории фарбеҳӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба роҳ монда шудааст, ба зиёда аз 100 нафар бемори гирифтори фарбеҳии вазнашон аз ҳад зиёд  чунин амалҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд.  

Бояд гуфт, ки амалиёти мазкур ба таври лапораскопӣ, бе буриши калони шиками бемор гузаронида мешавад, ки ин як дастовард дар соҳаи ҷарроҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Табибони ҷарроҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо номзади илмҳои тиб  Боқиев Фатҳулло ва Ҳакимзода Беҳруз  курсҳои бозомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ гузашта, якҷо бо ҳамкорони хеш амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузаронидаанд.

Тибқи иттилои мутахассисони маркази мазкур, амалиётҳои бариатрикӣ гуруҳи амалиётҳое мебошанд, ки дар беморони гирифтори фарбеҳӣ ва оқибатҳои он гузаронида мешаванд. Яъне ҳаҷми узвҳое, ки дар системаи ҳозима аст, аз ҷумла меъда хурд карда мешавад, ки дар натиҷа изофаи зиёдатии вазн дар муддати муайян кам мегардад. Аз ҳисоби ин, ҳаракати беморон хуб шуда, вайроншавии мубодилаи моддаҳо бартараф карда мешавад. “Айни замон якчанд намуди маъмули ин амалиётҳо мавҷуд аст, ки яке аз онҳо буриши остинмонанд, ё ба истилоҳи дигар онро “слив резексия” меноманд. Барои иҷроиши амалиёти мазкур қисми зиёди меъда бурида гирифта мешавад ва ҳаҷми истеъмоли хурок дар як давра нисбатан кам мегардад. Ғайр аз ин, якчанд амалҳои дигар, аз қабили шунткунонӣ, ки каме системаи ҳозимаро дигар мекунад ва ҳаҷми истеъмоли хӯрок кам шуда, мубодилаи он ба меъёр меояд, низ мавҷуданд, ки пас аз иҷроиши амалҳо мубодилаи моддаҳо дар организм хеле беҳтар шуда, нишондоди беморони диабети қанд паст мегардад ва дар натиҷа беморон аз оризаҳои он эмин мемонанд”,-мегуяд Боқиев Фатҳулло.

 Ба гуфтаи номбурда, хушбахтона нишондодҳои баъди ҷарроҳии беморон хуб буда, нишондодҳои аворизҳо паст, яъне дар сатҳи минималие, ки дар бемористонҳои пешрафтаи олам ҷой доранд, ба назар мерасанд.

-Мо дар ҳамкорӣ бо табибони эндокринолог ҳастем ва он бемороне, ки ҳамзамон гирифтори бемории қанд низ буданд, як қисми онҳо аз истифодаи барзиёди доруҳои қандпаскунанда баромаданд, инчунин қисми дигарашон дар марҳилаи пурра озод шудан аз бемории қанд ҳастанд. Камшавии вазнашон дар меъёр аст ва он чи, ки аз руи нишондоди пешакӣ буд, мо  ба он ноил гардидем. Дар оянда низ амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикиро дар кишвар васеъ ба роҳ мемонем. Ва умедворем,  ҳамаи он бемороне, ки эҳтиёҷманди ингуна ҷарроҳӣ ҳастанд, дар дохили кишвар бе масрафи зиёдатӣ ва сафар ба кишварҳои хориҷӣ метавонанд табобати лозимаашонро бигиранд”,-иброз дошт зимни суҳбат бо мо Боқиев Фатҳулло.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар маркази номбурда ҳамаи намуди амалиётҳое, ки дар самти амалиётҳои бариатрикӣ  дар сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд, дар амал ҷорӣ карда шудаанд, аз ҷумла буриши остиншакли меъда, якчанд намуд амалҳои шунткунонии меъда, ки имконият медиҳанд беморон ҳам аз вазни изофа озод шаванд ва гирифторони бемории қанд аз баландшавии қанд эмин бошанд,  мутахассисони ватанӣ мустақилона метавонанд онҳоро анҷом бидиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ин навъи амалҳо на танҳо мушкилии эстетикии беморонро бартараф мекунанд, балки онҳоро аз бемориҳои ҳамрадиф низ эмин нигоҳ дошта,  сифати ҳаёташонро беҳтар месозанд.

Инчунин, бо ворид шудани технологияҳои муосир тамоми амалҳое, ки ба пайдоиши чураҳои девораи шикам ва ҳам дар дохили мавзеъҳои гуногуни шикам (чурраҳои сурохии сурхрудавии диафрагма) вобаста буданд, аз ҷониби мутахассисони маркази номбурда  бе буриши калон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Тавре мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” Боқиев Фатҳулло иброз медорад, дар натиҷаи анҷом додани чунин амалҳои ҷарроҳӣ муҳлати табобати беморон кутоҳ шуда, ҳамзамон қобилияти меҳнатии онҳо зуд  барқарор мешавад.

Мутахассисони муассисаи мазкур дар нақша доранд, ки дар ояндаҳои наздик дигар амалиётҳои нодири ҷарроҳиеро, ки дар клиникаҳои машҳури кишварҳои пешрафтаи  олам анҷом дода мешаванд, дар амал низ ворид намоянд ва сатҳи муроҷиат намудани шаҳрвандони кишварро барои гузаронидани нодиртарин амалҳои ҷарроҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ ба маротиб коҳиш диҳанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи “Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

Дар Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” ифтитоҳ гардид

Оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ форуми байналмилалӣдоиргашт

Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд

Вохурии Ғафур Муҳсинзода бо президенти Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо Сезар Горридо

Search