ЭЪЛОН. Аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» баргузор мегардад

ЭЪЛОН. АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ҲАФТАИ САЛОМАТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН” ВА “РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ”

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10-уми апрели соли равон дар саросари кишвар чорабинии мутамарказонидашудаи аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» таҳти унвони «Якҷоя ба сӯи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур дар сатҳи ҷумҳуриявӣ рӯзи 6 апрели соли равон оғоз аз соати 8:00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашта, дар доираи он шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисону сармутахассисони соҳавӣ ва бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта мешаванд.

Дар тамоми муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” санаи 07-уми апрели соли равон аз соати 8:00 оғоз мегардад.

Санаи 8 апрел соати 8:00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии ВМКБ чорабинии мазкур баргузор хоҳад шуд.

Бинобар ин, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки дар рӯз ва вақти муайянгашта ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ ташриф оварда, хизматрасонии тиббии ройгон бигиранд.

Дар доираи чорабинии мутамарказонидашуда то санаи 10 апрели соли равон ҳамзамон як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла семинару машваратҳо ва дигар чорабиниҳои солимгардонӣ дар назар дошта шудааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ доир шуд

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

Поиск