Хатлон. Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ шинос шуд

Зимни боздид аз муассисаҳои болозикр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур ҳамроҳӣ намуданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 2025-2026, аз ҷумла таъмини шароити мусоид дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва дар умум табақаҳои ниёзманди аҳолӣ 4-уми декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Хона интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» ва «Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Кӯшониён» дидан кард.

Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 январи соли 1995 таъсис ёфтааст. Бинои истиқоматии асосӣ дорои 4 ошёна буда, барои 100-нафар пиронсолону маъюбони ниёзманд ва 40-нафар кўдакони маъюбиятдошта таъсис ёфтааст.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, айни замон дар муассисаи болозикр 139 нафар бошандагон, аз ҷумла калонсолон 100 нафар, аз инҳо 60 нафар мард, 40 нафар зан ва 39 нафар кўдакон, аз инҳо 24 нафар писар, 14 нафар духтарҳо дар таъминоти пурраи давлати қарор доранд. Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум – 19 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 24 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм – 3 нафар ва 56 нафар пиронсоли яккаву танҳо мебошанд. Дар муассиса 97 нафар кормандон фаъолият менамоянд.

Дар ҷараёни боздид ва шиносоӣ аз рафти хизматрасонии феълии иҷтимоӣ дар муассисаҳои болозикр Ҷамолиддин Абдуллозода бо бошандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, аз аҳволи онҳо пурсон шуд. Номбурда аснои суҳбат бо бошандагони муассисаҳои болозикр иброз дошт, ки вазъи доимии зиндагонии табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла пиронсолон ва нафарони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва назари хайрхоҳонаи Пешвои миллат намегузорад, ки табақаҳои имконияташон маҳдуд ва дар умум маъюбону эҳтиёҷмандон дар ҷомеа худро танҳо эҳсос намоянд.

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Кӯшониён» аз 25 марти соли 2015, №161 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, барои 100-нафар маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ пешбинӣ гаштааст.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати кунунӣ дар ин муассиса 105 нафар бошандагон, аз ҷумла 60 нафар мард, 45 нафар занҳо дар таъминоти пурраи давлати қарор доранд. Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум-32 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 64 нафар мебошанд. Шумораи кормандони муассиса бошад, 60 нафарро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар идомаи боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода аз шароити хизматрасонии иҷтимоии муассисаҳои номбурда дидан намуд.

Махсусан, номбурда бо захираи маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ дар ин муассисаҳо шинос шуд.

Аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти муассисаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтарнамоии шароити пешниҳоди хизматҳо, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва таҳти назорати пайваста қарор додани бошандагон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти таълими кафедраҳои Донишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи баъдидипломӣ шинос шуд

Search