ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Имрӯз, 12-уми декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” шуъбаи тавонбахшӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, мудири бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Юсуфзода ва роҳбари намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (ТИКА)  Ибраҳим Этхем Унал иштирок намуданд.

Мусаллам  аст, ки ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани саломатии маъюбон  назаррас мебошад.

Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда буданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии  табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробон монда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ  таваҷҷуҳи  хос  зоҳир намуда, дар ин самт  тадбирҳои  саривақтиро  амалӣ  карда  истодаем».

Қобили зикр аст, ки бинои шуъбаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳарчи бештар ба тавонбахшӣ фаро гирифтани бошандагон аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пурра таъмир гардида, он  аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи тавонбахшӣ аз ҳуҷраҳои тандармонӣ, истироҳат баъд аз гирифтани тавонбахшӣ,  маҳсдармонӣ ва ҳуҷраи машқҳои сабук иборат буда, дар онҳо баҳри ба тавонбахшӣ фаро гирифтани  бошандагони муассисаи мазкур тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудаааст.

Зимни суханронии хеш баромадкунандагон мавриди истифода қарор додани шуъбаи тавонбахширо туҳфаи арзандаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар арафаи Соли нави мелодии 2025 ба бошандагони муассисаи номбурда арзёбӣ карда, аз кормандон ва мутахассисони соҳа даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имконоти фароҳамгардида фаъолияти хешро баҳри ҳарчи бештар ба тавонбахшӣ фаро гирифтани бошандагон равона созанд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба бошандагон  дар ошхонаи Хона-интернати мазкур як қатор дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир барои пухтани маҳсулотҳои нонӣ ва қаннодӣ низ ба истифода дода шуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  28-уми октябри соли  2016, №455 “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул карда шуд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар мамлакат даҳҳо хона-интернатҳо, муассисаҳои санаторию курортӣ, марказҳои будубоши рӯзона, марказҳои минтақавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ  бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонӣ ба бошандагони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

9-уми феврал-Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон

Search